Интиқоди Комиссиюни ҳуқуқи башари Афғонистон аз Девони Лоҳа
(last modified Mon, 15 Apr 2019 13:40:23 GMT )
Апрел 15, 2019 18:40 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Комиссиюни ҳуқуқи башари Афғонистон аз Девони Лоҳа

Раиси Комиссиюни ҳуқуқи башари Афғонистон аз тасмими Девони Байналмилалии Кайфарии Лоҳа (Гаага) ба хотири таваққуфи баррасии ҷиноёти ҷангии ишғолгарони амрикоӣ дар ин кишвар ибрози таассуф кард.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Симо Самар бо ибрози таассуф аз тасмими Девони Лоҳа гуфт, радди дархости таҳқиқот барои баррасии ҷиноёти ҷангӣ дар Афғонистон қурбониёнро маъюс карда ва идомаи ин ҷиноётро аз сӯйи низомиёни ишғолгари амрикоӣ дар пай хоҳад дошт.

Раиси Комиссияи ҳуқуқи башари Афғонистон ҳамчунин изҳор дошт, аз он ҷое ки ниҳодҳои қазоии Афғонистон натавониста ва ё нахостаанд, ки омилони ҷиноёти ҷангӣ дар ин кишварро муҳокима кунанд, ниёз аст то Девони Лоҳа масъулияти худро дар ин замина анҷом диҳад.

Фаъолиятҳои Девони Байналмилалии Кайфарии Лоҳа барои баррасии ҷиноёти ҷангӣ ва нақзи ҳуқуқи башар дар Афғонистон ба далели таҳдидоти мақомоти амрикоӣ мутаваққиф шудааст.