Апрел 16, 2019 10:51 Asia/Dushanbe
  • Тахриби бахши умдаи калисои Нотр-Дам-и Париж бар асари оташсӯзӣ

Бахшҳои асосии калисои таърихии Нотр-Дам-и Париж бар асари оташсӯзӣ тахриб шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, маъмурони оташнишонии Париж гуфтанд, бо вуҷуди ҳамаи талошҳо барои ҳифзи бинои таърихӣ ва осори ҳунарии мавҷуд дар  калисои Нотр-Дам бар асари оташсӯзии густардаи дишаб ва бомдоди имрӯз, хисороти ҷиддӣ ба сохтмони ин калисо ва осори таърихии мавҷуд дар он ворид шудааст.

Дар ҳамин ҳол додситонии Париж бо эъломи оғози таҳқиқоти аввалия дар бораи иллати вуқуъи ин оташсӯзӣ дар калисои дар ҳоли таъмири Нотр-Дам гуфт, эҳтимоли харобкорӣ ҳам дар ин ҳодиса вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи масъулони оташ нишонии Париж дар ин оташсӯзӣ касе маҷруҳ ё кушта нашудааст зеро ҳангоми оташсӯзӣ коргаре дар маҳалли ҳодиса ҳузур надоштааст.

Бар асоси гузоришҳо Созмони оташнишонии Париж, ки бо доштани ҳудуди даҳ ҳазор неру бузургтарин Созмони оташнишонии Аврупо ва севвумин созмони дунё ба ҳисоб меояд, то бомдоди сешанбе натавониста оташсӯзии калисои таърихии Нотр-Дамро маҳор кунад.

Барчасп