“Қалб”-и Париж сӯхт  (видео)
https://parstoday.ir/tg/news/world-i43113-Қалб_и_Париж_сӯхт_(видео)
Бо вуҷуди маҳор шудани оташсӯзӣ дар калисои Нотр-Дами Порис, пурбоздидтарин калисои ҷаҳон, ки солона сездаҳ миллион боздидкунанда дошт, оташнишонон натавонистанд аз фурӯ рехтани ин калисои таърихӣ ҷилавгирӣ кунанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 16, 2019 17:47 Asia/Dushanbe

Бо вуҷуди маҳор шудани оташсӯзӣ дар калисои Нотр-Дами Порис, пурбоздидтарин калисои ҷаҳон, ки солона сездаҳ миллион боздидкунанда дошт, оташнишонон натавонистанд аз фурӯ рехтани ин калисои таърихӣ ҷилавгирӣ кунанд.

Ба гузориши расонаҳои Эрон, калисои маъруфи Нотр-Дами 850-сола дар Порис дар оташ сӯхт ва бахшҳое аз ин асари мунҳасир ба фарди меъморӣ нобуд шуд.

Оташсӯзӣ дар калисо дар соати 18:50-и рӯзи душанбе ба вақти маҳаллӣ оғоз шуд, ки бар асари ҳаҷми оташ бахши муҳиме аз сақф ва яке аз бурҷҳои аслии калисо осеб дид, аммо 400 маъмури оташнишонӣ дар 9 соат талош карданд, то шуълаҳои оташро хомӯш кунанд. Пулиси Порис ва бозрасон эълом кардаанд, ки бар асоси таҳқиқоти аввалия, оташсӯзӣ бар асари як ҳодисаи иттифоқӣ рух дода ва террористӣ ё амдӣ набудааст.

Калисои Нотр-Дам яке аз машҳуртарин намодҳои Фаронса ба шумор меравад. Рақиби аслии он ба унвони мазҳари миллӣ бурҷи Эйфел аст, ки беш аз саду сӣ сол қидмат дорад. Аз бурҷи Эйфел ба унвони “ҷисм” ва аз калисои Нотр-Дам ба унвони "қалб”-и Порис ёд мешавад.

Image Caption

 

Раисҷумҳури Фаронса, ки билофосила худро ба маҳалли оташсӯзӣ расонда буд, аз ин иттифоқ ба унвони як "фоҷеаи ваҳшатнок" ёд кард.

Ин ҳодиса, ки дар ҳамон соатҳои нахуст дар садри ахбори расонаҳои муҳими ҷаҳон қарор гирифт, вокуниши Ватикан, раисҷумҳури Фаронса ва бархе мақому шахсиятҳои хориҷӣ, аз ҷумла Муҳаммадҷводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, Тереза Мэй, нахуствазири Англия, Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, Абдулфаттоҳ Сисӣ, раисҷумҳури Миср, Одри Азолай, дабири кулли ЮНЕСКО, мустақар дар Порис, Доналд Туск, раиси Шӯрои Аврупо ва Содиқ Хон, шаҳрдори Лондонро дар пай дошт.

Image Caption

 

Вазири умури хориҷии Эрон дар вокуниши твиттерие нисбат ба тахриби бахше аз ин бинои таърихӣ ибрози таассуф кард ва навишт: “Ғамгин шудам, вақте бахше аз Нотр-Дам – бинои барҷастаи мухтаси ибодати парвардгори якто ва биное, ки аз тариқи шоҳкори адабии Гюго ҳамаи моро ба ҳам наздиктар кард, пас аз 800 соли сари по мондан дар пайи ҷангҳо ва инқилоб тахриб шуд”.