Апрел 17, 2019 11:52 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори мақоми қирғиз дар мавриди таҳдиди Осиёи Марказӣ аз самти Афғонистон

Дабири собиқи Шурои амнияти Қиғизистон бо ишора ба вазъияти ҳоким бар шимоли Афғонистон гуфт, кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд омода ва муроқибат бошанд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Мурот Эмонкулов мақоми низомӣ ва Дабири собиқи Шурои амнияти Қиғизистон бо баёни инки вазъият дар Афғонистон ҳамчунон бесубот аст гуфт, дар Афғонистон пайваста ҳамалоти террористӣ шакл мегирад ва танишҳои марбут ба Толибон низ ташдид мешавад ба наҳве, ки ҳатто Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико ба далели нагирифтани натиҷаҳои мусбат дар паи хуруҷи низомиёни худ аз ин кишвар аст.

Ин мақоми қирғиз гуфт, беш аз 17 ҳазор террорист дар минтақаҳои шимолии Афғонистон аз ҷумла Қундуз ва Бадахшон ҷамъ шуда ва дорои силоҳ ва таҷрибаи низомии амлиёт дар Ироқ ва Сурия ҳастанд.

Мурот Эмонкулов таъкид кард, вазъи феълии Афғонистон монанди шароити қабл аз вуруди Амрико ба ин кишвар дар соли 2001 аст, ки он замон дар шимоли Афғонистон ҳамроҳ бо Толибон намояндагони ҷунбишҳои ифротӣ ҳузур доштанд ва дар сафҳои ин созмонҳо шаҳрвандони Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва ҳатто сокинони минтақа Син Киёнг Уйғури Чин буданд.

Дабири собиқи Шурои амнияти Қирғизистон гуфт, бисёре аз намояндагони созмони ҳозир  дар шимоли Афғонистон омодаи ҳамкорӣ бо ДИИШ ҳастанд ва ин таҳдиди ҷиддӣ барои Осиёи Марказӣ аст.

Эмонкулов афзуд, танҳо аз тариқи ҳамкории  кишварҳои минтақа мубориза бо террорисҳо мумкин аст ва бояд пеши такрори ҳодисаҳои Сурия ва Ироқ дар Осиёи Марказиро бигирем.

 

 

Барчасп