Тасвиби қонуни ҷаримаи ширкатҳои интернетӣ бо муҳтавои террористӣ дар парлумони Аврупо
(last modified Thu, 18 Apr 2019 08:01:56 GMT )
Апрел 18, 2019 13:01 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби қонуни ҷаримаи ширкатҳои интернетӣ бо муҳтавои террористӣ дар парлумони Аврупо

Парлумони Аврупо қонунеро тасвиб кард, ки бар асоси он ширкатҳои Фейсбук, Гугл ва Твиттер дар сурати ҳазф накардани муҳтавои ифротгароӣ ва террористӣ бояд ҷарима бипардозанд.

Ба гузориши Рейтерз, парлумони Аврупо рӯзи чаҳоршанбе қонунеро тасвиб кард, ки бар асоси он ширкатҳои Фейсбук, Гугл ва Твиттер дар сурати ҳазф накардани муҳтавои ифротгароӣ ва террористии корбарӣ, таи як соат пас аз дархости мақомоти кишварҳо бояд 4 дарсади даромадашонро  ҷарима бипардозанд.

Парлумони Аврупо ин қонунро бо 308 раъи мавофиқ, 204 раъйи мухолиф ва 70 раъи мумтанеъ ба тасвиб расонд.

Парлумони Аврупо эълом кард, ширкатҳое, ки ба сурати ҳадафманд ва ба сурати мудовим бихоҳанд аз пойбандтӣ ба ин қонун сарбоз бизананд бояд 4 дарсади  кулли даромадашонро  ҷарима бипардозанд.

Иқдоми парлумони Аврупо дар шароитест, ки ҳамлаи террористӣ дар Зеландияи нав ба таври мустақим дар саҳифаи иҷтимоии Фейсбук пахш шуд.

Тирандозии рӯзи ҷумъаи 15 март дар ду масҷиди шаҳри Крайст Черчи Зеландияи нав  камаш 52 қурбонӣ ва даҳҳо захмӣ бар ҷой гузошт.

Омили ин ҷиноят ақоиди нажодпарастона ва исломситезона дошта ва дар тарҳи дидгоҳҳои худ, аз Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико тамҷид кардааст.

Парлумони нави Аврупо, ки 23 то 26 майи оянда оғоз ба кор хоҳад кард, матни ин қонунро дар музокира бо камиссиони Аврупо ва намояндагони кишварҳои аврупоӣ ниҳоӣ хоҳад кард иқдоме, ки эҳтимолан чанд моҳ ба тул биянҷомад.