Апрел 19, 2019 16:05 Asia/Dushanbe
  • Шароити хатарноки рӯзноманигорон дар Амрико ва Аврупо

Созмони “Гузоришгарони Бидуни Марз” ҳушдор дод, шароити кори рӯзноманигорон дар Амрико ва Аврупо бадтар ва хатарноктар шудааст.

Ба гузориш нашрияи "Ди сайт"-и Олмон, Cозмони “Гузоришгарони Бидуни Марз” рӯзи панҷшанбе дар феҳрасти раддабандии ҷаҳонӣ дар бораи озодии матбуот эълом кард, иқдомоти таҳрикомези низомманд алайҳи рӯзноманигорон сабаб шудааст, ки хабаранигорони расонаҳо ба сурати физоянда дар муҳити тарснок кор кунанд. Ба гузориши ин созмон, ин масъала бештар марбут ба кишварҳоест, ки дар онҳо рӯзноманигорон дар муқоисаи ҷаҳонӣ то ҳол бештар эҳсоси амният мекарданд. Ин гузориш меафзояд, аз ҷумлаи ин кишварҳо Амрико ва кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо мебошанд, ки дар феҳрасти раддабандии ҷаҳонии амнияти рӯзноманигорон суқут кардаанд.

Созмони “Гузоришгарони Бидуни Марз” тасреҳ кардааст, бо рӯйи кор омадани Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва иқдомоти таҳрикомези вай алайҳи расонаҳои интиқодӣ вазъи рӯзноманигорон дар ин кишвар бадтар шудааст. Созмони “Гузоришгарони Бидуни Марз” афзудааст, рӯзноманигорон дар Амрико, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишвар онҳоро душмани миллат хитоб кардааст, то кунун дар ин ҳадд бо таҳдид ба қатл ва бомбгузорӣ мувоҷеҳ набудаанд.