Апрел 19, 2019 20:35 Asia/Dushanbe
  • Оғози Ҷашнвораи байналмилалии филми Маскав

Ҷиҳилу якумин Ҷашнвораи байналмилалии синамои Маскав оғоз ба кор кард.

Ба гузориши ИРНА, 13 филм аз Русия, Эрон, Италия, Фаронса ва чанд кишвари дигар ба бахши мусобиқаи чиҳилу якумин Ҷашнвораи байналмилалии синамои Маскав роҳ ёфта, ҳол он ки беш аз 200 филм аз кишварҳои мухталиф дар ҷашнвораи Маскав ширкат кардаанд.

Маросими ифтитоҳи Ҷашнвораи байналмилалии синамои Маскав дар синамои Русия бо ҳузури Никита Михалков, раиси Ҷашнвораи байналмилалии синамои Маскав ва Ким Ки Док, коргардони Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд.

Филми «Соли дувуми донишкадаи ман»-и Расули Садриомилӣ танҳо филми эроние аст, ки дар бахши мусобиқаи Ҷашнвораи филми Маскав ҳузур дорад.

Ҷашнвораи синамои Маскав то панҷшанбеи оянда идома дорад.

Русҳо Ҷашнвораи байналмилалии филми Маскавро, ки тавассути И. Сталин, раҳбари вақти шӯравӣ бино ниҳода шуд, муҳимтар аз бо Ҷашнвораи синамои Кен ва Берлин медонанд. Ин ҷашнвора, ки барои нахустин бор соли 1935 баргузор ва пас аз як давраи тӯлонӣ мутаваққиф шуд, аз соли 1959 ба баъд ҳамасола баргузор мешавад.

 

Барчасп