Апрел 20, 2019 13:22 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши маҳбубияти Трамп баъд аз интишори гузориши интихоботии  Муллер

Назарсанҷӣ нишон медиҳад, интишори гузориши парвандаи интихоботии раиси ҷумҳурии Амрико муҷиби коҳиши маҳбубияти вай шудааст.

Бар асоси назарсанҷие, ки муассисаи афкорсанҷии Эйпос бо ҳамкории хабаргузории Рейтерз анҷом дода, 58 дарсади мардуми Амрико муътақиданд, ки Доналд Трамп монеи раванди таҳқиқот ва иҷроии адолат дар гузориши ҳамдастии вай бо русҳо, дар интихоботи раёсат ҷумҳурии соли 2016 шудааст.

Натоичи ин назарсанҷӣ ҳамчунин нишон медиҳад, маҳбубияти Трамп баъд аз интишори ин гузориш, бо 3 дарсад коҳиш, ба 37 дарсад ва поинтарин мизон дар соли 2019 расидааст.

Ин назарсанҷӣ ,ки аз рӯзи панҷшанбе то ҷумъа анҷом шуда, аввалин санҷиши вокуниши афкори умумии амрикоиҳо ба интишори гузориши ҳамдастии тими Трамп бо русҳо аст.

Дар паи ин назарсанҷӣ 40 дарсад амрикоиҳо низ бозхости Трампро хостор шуданд.

Роберт Муллер бозпурси вижаи парвандаи интихоботи раёсати ҷумҳурии 2016-и Амрико дар ин гузориш овардааст, ки таҳқиқоташ бидуни арзёбии дақиқ, дар хусуси иртикоби ҷурми Трамп, аз ӯ рафъи иттиҳом намекунад.

Бо вуҷуди ин, демократҳо гуфтаанд, ки ; Вилям Бер; вазири додгустарии давлати Трамп, дар интишори Муллер, онро сензура кардааст.

Сарони демократҳо аз Муллер хостаанд, ки дар конгираи Амрико дар мавриди гузориши худ, шаҳодати аланӣ диҳад.

 

Барчасп