Апрел 20, 2019 19:35 Asia/Dushanbe
  • Поёни ҳамлаи мусаллаҳона ба Вазорати мухобироти Афғонистон бо кушта шудани муҳоҷимон

Ҳамлаи мусаллаҳона ба сохтмони Вазорати мухобироти Афғонистон бо кушта шудани муҳоҷимон ба поён расид.

Ба гузориши ИРНА, расонаҳои Афғонистон рӯзи шанбе аз ҳамлаи се муҳоҷими мусаллаҳ ба сохтмони Вазорати мухобирот дар шаҳри Кобул, пойтахти ин кишвар хабар доданд, ки пас аз соатҳо даргирӣ байни муҳоҷимон ва нерӯҳои амниятии Афғонистон, дар ниҳоят бо кушта шудани ҳар се муҳоҷим, даргирӣ хотима ёфт.

Қабл аз зӯҳри шанбе бомбае дар муқобили Вазорати мухобироти Афғонистон дар Кобул мунфаҷир шуд ва дар пайи он се муҳоҷим бо нерӯҳои амниятии ин кишвар дар саҳни сохтмони Вазорати мухобирот даргир шуданд.

Ваҳидуллоҳ Моёр, сухангӯи Вазорати беҳдошти Афғонистон ҳам аз захмӣ шудани дастикам шаш ғайринизомии афғон дар ин даргирӣ хабар дод.

Гурӯҳи Толибон ҳам бо судури баёнияе дар фазои маҷозӣ ҳар гуна иртиботи худро бо ин ҳамла рад кард.