Апрел 23, 2019 10:48 Asia/Dushanbe
  • Афғонистон ба дунболи баргузории нишасти байнулафғонии сулҳ дар Узбакистон

Давлати Афғонистон аз омодагии Узбакистон барои мизбонии нишасти байнулафғонии сулҳ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Самим Орифӣ муовини сухангӯи раёсат ҷумҳурии Афғонистон бо эъломи омодагии Узбакистон барои мизбонии музокироти байнулафғонии сулҳ гуфт, Кобул талош мекунад ин нишаст ба ҷои Қатар дар Тошканд пойтахти Узбакистон баргузор шавад.

Самим Орифӣ афзуд, замони баргузории ин нишасти мушаххас нест ва ҳануз дар бораи таркиби ҳайъати гуфтугӯкунанда низ тасмиме иттихоз нашудааст.

Давлати Афғонистон ҳайъате 250 нафараро барои ширкат дар ин нишаст омода карда буд, ки мавриди тавофуқи Толибон ва Қатар қарор нагирифт ва пас аз он низ Қатар руйхатти наверо аз ширкаткунандагони ин нишаст мунташир кард, ки бо мухолифати Кобул ру ба ру ва дар ниҳоят мунҷар ба лағви нишаст шуд.