Апрел 24, 2019 18:14 Asia/Dushanbe
  • Ду донишомӯхтаи Британия ва Австралия омилони инфиҷорҳои террористӣ дар Коломбо

Вазири дифои Шри-Ланка гуфт, ду нафар аз омилони бомбагузорони террористи ахир дар шаҳри Коломбо - пойтахти Шри-Ланка донишомӯхтаи Британия ва Австралия буданд.

Ба гузориши шабакаи “Скай Нюз”, Руван Виҷвардине рӯзи чаҳоршанбе афзуд, дар инфиҷорҳои рӯзи якшанбеи гузашта дар Коломбо 9 бомбагузори интиҳорӣ дахил буданд, ки 8 тан аз онҳо шиносоӣ шуданд, ки ду нафар аз донишомӯхтагон дар Британия ва Австралия буданд.

Вазири дифои Шри-Ланка гуфт, бо боздошти 18 мазнун дар робта бо инфиҷорҳои ахир дар Коломбо, шумори боздоштшудагон ба 58 нафар расидааст.

Рӯзи якшанбе (21 апрел) бар асари инфиҷорҳои террористӣ дар чанд калисо ва ҳутели шаҳри Коломбо, 359 нафар кушта ва беш аз 500 нафари дигар захмӣ шуданд.

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти инфиҷорҳои террористии Шри-Ланкаро бар ӯҳда гирифтааст.

 

Барчасп