Апрел 26, 2019 17:14 Asia/Dushanbe
  • Азсаргирии фаъолияти ҳабдаҳумин даври Маҷлиси намояндагони Афғонистон

Ҳабдаҳумин даври фаъолияти Маҷлиси намояндагони Афғонистон (Вулуси ҷирга) дар набудани 31 намоянда аз ҳавзаи Кобул оғоз шуд.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон дар маросими оғоз ба кори Маҷлиси намояндагони ин кишвар дар Кобул гуфт, фаъолияти ин маҷлис бояд шаш моҳ пеш оғоз мешуд, аммо ба далели бекифоятии бархе аз аъзои Комиссияи интихоботи собиқ ба таъхир афтод. Ашраф Ғанӣ даври ҳабдаҳуми Маҷлиси намояндагони Афғонистонро давраи истеҳкоми қувваи сегонаи ҳукуматӣ барои ҳамкорӣ номгузорӣ кард ва афзуд, тамоми асноди давлатӣ дар ихтиёри аъзои маҷлис аст, то намояндагон битавонанд барои хидмат ба мардум барномарезии беҳтаре дошта бошанд.

Раисҷумҳури Афғонистон шумори низомиёни хориҷӣ дар ин кишварро 14 ҳазор нафар эълом кард ва афзуд, нерӯҳои афғон масъули таъмини амнияти манотиқи мухталифи Афғонистон ҳастанд. Ашраф Ғанӣ гуфт, Толибон бо кумаки мустақим аз хориҷ ба ҷанг ва вайронии кишвар идома медиҳад ва давлати Афғонистон ба ҷойи корҳои бозсозӣ ва беҳдоштӣ маҷбур ба постгоҳсозӣ ва ҷанг шудааст ва буҷаро дар ин масир масраф мекунад, ки масъули ҳамаи инҳо Толибон аст, ки бояд посухгӯ бошад.

Бо вуҷуде ки ҳабдаҳумин даври кории Маҷлиси намояндагони Афғонистон имрӯз оғоз шуд, ба далели эълом нашудани натиҷаи интихоботи маҷлис дар ҳавзаи Кобул 31 намояндаи ин ҳавза дар ҷаласаи имрӯз ҳузур надоштанд. Интихоботи вилояти Ғазнӣ низ ба далел ноамнӣ ва ихтилофоти қавмӣ бар сари наҳваи баргузории интихобот баргузор нашуд ва намояндагони собиқ то замони анҷоми интихобот дар он ҷо  қарор аст, ба кори худ идома диҳанд.

Интихоботи парлумонии Афғонистон пас аз 3 соли таъхир дар моҳи октябри соли 2018 дар саросари ин кишвар ба ҷуз Ғазнӣ баргузор шуд.

Парлумони Афғонистон, тибқи қонун, бояд шашуми марти соли 2019 оғоз ба кор мекард.