Сентябр 18, 2016 09:00 Asia/Dushanbe
  • Дар шаҳри Санкт-Петербург нахустин донишгоҳи исломӣ ифтитоҳ мешавад

Шаҳрдори Санкт-Петербурги Русия дастури ёфтани сохтмони муносиб барои нахустин донишгоҳи исломӣ дар дувумин шаҳри бузурги ин кишварро содир кард.

Ба гузориши сойти "Ислом ру", тавофуқномаи ифтитоҳи нахустин донишгоҳи исломиро дар ин шаҳр, ахиран, Георгий Полтавченко, шаҳрдори Санкт-Петербург ва Равил Пончаев, муфтии Идора мусулмонони ин минтақа имзо карданд.

Ба гуфтаи шаҳрдори Санкт-Петербург, дар ин донишгоҳ барои донишҷӯёни мусалмон улуми шаръӣ ва иҷтимоӣ ва забонҳои хориҷӣ тадрис хоҳад шуд. Ӯ таъкид кардааст, дар ин шаҳр намояндагони адёни мухталиф, аз ҷумла ортодоксҳо ва мусалмонон қарнҳои тӯлонӣ дар канори якдигар зиндагии мусолиматомез доштанд ва насли ҷавон бояд ин таҷрибаи арзишмандро ҳифзу маврид таваҷҷуҳ қарор диҳад.

Ҳамзамон эълом шудааст, ки дар миёнаи моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт-Петербург меҳмонхонае бо исми "Роҳи Абрешим" ифтитоҳ хоҳад шуд. Ин меҳмонхона аз сӯйи Михаил Айюбов, соҳибкор ва молики тарабхонаи "Наврӯз" эҳдос шудааст, ки муҷаҳҳаз бо утоқҳои дорои ҷойи намоз, Қуръон ва қибланамо хоҳад буд. Ба гуфтаи молики ин меҳмонхона, дар ин макон барои меҳмонони мусалмон ғизои ҳалол низ таҳия ва арза хоҳад шуд.