Истиқболи Эрон аз ҳамкории Нигерия барои дармони шайх Закзоки
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон иқдоми давлати Нигерия дар хусуси иҷозаи муоинаи тими пизишкӣ аз раҳбари ҷунбиши исломии ин кишварро мусбат арзёбӣ ва аз он истиқбол кард.
Ба гузориши идораи кулли дипломатияи расонаии Вазорати умури хориҷаи Эрон, Сайидаббоси Мусавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи шанбе ибрози умедворӣ кард, бо дармони комили шайхи Иброҳим Закзоки, раҳбари ҷунбиши исломии Нигерия ва ҳамсараш дар дохил ва ё хориҷ аз ин кишвар, раванди таомул ва гуфтугӯи созанда миёни масъулони ҷунбиши исломӣ ва давлати Нигерия мунҷар ба ҳалли мушкилот ва озодии комили эшон шавад.
Гурӯҳе аз пизишкони созмони ғайридавлатии Камиссиюни ҳуқуқи башари исломӣ, мустақар дар Британия иҷоза ёфтанд, вазъи ҷисмии раҳбари ҷунбиши исломии Нигерияро, ки аз ҳудуди чаҳор соли пеш дар зиндон ба сар мебарад, арзёбӣ кунанд.
Шайх Иброҳим Закзоки, раҳбари ҷунбиши исломии Нигерия аз соли 2015, ки артиши Нигерия бо хушунат ба хонааш дар шаҳри Зорё ҳамла кард, зиндонӣ аст.
Закзоки ва ҳамсараш дар ин ҳамла захмӣ шуд ва ду нафар аз писарон ва садҳо нафар аз пайравонаш шаҳид шуданд.
Давлати Нигерия дар ҳоле аз озод кардани шайх Закзоки худдорӣ мекунад, ки як додгоҳи Нигерия дар ҳукме эълом кард, ки раҳбари ҷунбиши исломии ин кишвар бе он ки ҷурме муртакиб шавад, боздошт шудааст.