Аз демократия то мамнуияти ҳиҷоби занон дар Австрия + гузориши видеоӣ
Апрел 27, 2019 18:26 Asia/Dushanbe
Давлати ростгарои Австрия ҳиҷоби духтарони мусулмонро дар маҳди кудакҳо ва мактабҳо мамнуъ кардааст.
Ҳамзамон дар эътироз ба ин тасмим нишасте дар Вена, пойтахти Австрия бо унвони “Оё мамнуияти русарӣ хатаре барои демократия аст?” баргузор ва дар ин нишаст таъкид шуд, ки қонуни манъи ҳиҷоб дар мактабу боғчаи кудакони Австрия бо арзишҳои демократия созгорӣ надорад.
Ҳамкорамон Козимӣ дар ҳошияи ин нишаст бо Юҳанс Михаил Мудс, кашиши австрияӣ, Мария Шавин, устоди донишгоҳ ва Зайнаб Элиябул, аз аъзои ҷомеаи исломии Австрия мусоҳиба карда ва назари онҳоро дар бораи ин мамнуият ҷӯё шудааст.