Хурӯҷи расмии Венесуэла аз Созмони Кишварҳои Амрикоӣ
(last modified Sun, 28 Apr 2019 10:02:21 GMT )
Апрел 28, 2019 15:02 Asia/Dushanbe
  • Хурӯҷи расмии Венесуэла аз Созмони Кишварҳои Амрикоӣ

Амрико ҳамроҳи муттаҳидонаш дар Амрикои Лотинӣ дар моҳҳои ахир фишорҳои худ ба манзури тазъиф ва дар ниҳоят барандозии давлати чапгарои Венесуэларо ба наҳви қобили таваҷҷуҳе афзоиш додааст.

Вашингтон Хуан Гуайдо, саркардаи мухолифони Венесуэларо, ки дар 23 январ худро ба унвони раисҷумҳури ин кишвар эълом карда, ба расмият шинохта ва Созмони Кишварҳои Амрикоӣ (OAS) низ фиристодаи Гуайдоро ба унвони намояндаи Венесуэла дар ин созмон ба расмият шинохтааст. Созмони Кишварҳои Амрикоӣ ахиран, эълом карда буд, ки риёсатҷумҳурии Мадуро бар Венесуэларо ба расмият намешиносад. Ин масъала бо вокуниши шадиди давлати Венесуэла мувоҷеҳ шуд. Дар ин росто Хорхе Арреаса (Jorge Arreaza), вазири умури хориҷии Венесуэла рӯзи шанбе, 27 апрел эълом кард, ки Венесуэла аз Созмони Кишварҳои Амрикоӣ хориҷ мешавад. Арреаса дар ҷамъи мардуми тарафдори давлати Венесуэла гуфт: “Аз имрӯз Венесуэла дигар ҷузви Созмони Кишварҳои Амрикоӣ нест. Мо хост ва иродаи мардуми Венесуэларо бароварда кардаем”. Қабл аз ин Николас Мадуро, раисҷумҳури Венесуэла тасмими худро барои хурӯҷ аз ин созмон эълом карда буд. Ин тасмими Мадуро бо истиқболи мардуми Венесуэла мувоҷеҳ шуд ва онҳо рӯзи шанбе бо ҳузур дар хиёбонҳои Каракас хурӯҷи расмии ин кишвар аз Созмони Кишварҳои Амрикоиро ҷашн гирифтанд.

Созмони Кишварҳои Амрикоӣ созмони минтақаӣ ва муташаккил аз 35 кишвар аст, ки дар соли 1948 бо «ҳадафи тазмини ҳамбстагӣ ва ҳамкорӣ байни давлатҳои узв» таъсис шуд, аммо тайи солҳои ахир ин созмон ба абзоре дар ростои пешбурди сиёсатҳои Амрико алайҳи Венесуэла табдил шуда, то ҷое ки Каракас ду соли пеш дархости хурӯҷ аз ин созмонро ироа дод. Мақарри аслии ин созмон дар Амрико қарор дорад. Аъзои ин созмон ҳамчунин дар моҳи апрели имсол, пас аз кудатои сиёсии Хуан Гуайдо, саркардаи мухолифони давлати Венесуэла дар дахолати ошкоре Гуайдоро ба унвони раисҷмҳури Венесуэла ба расмият шинохтанд. Пас аз ин иқдоми мудохилҳҷӯёнаи Созмони Кишварҳои Амрикоӣ давлати Венесуэла рӯзи шанбе хурӯҷи расмии худ аз ин созмонро эълом кард. Гуайдо хостори ҳузури Венесуэла дар ин созмон аст.

Мардуми Венесуэла ва артиши ин кишвар борҳо ҳимояти худро аз Николас Мадуро, раисҷумҳури қонунии Венесуэла эълом кардаанд. Тайи моҳҳои гузашта Амрико ва муттаҳидонаш ҳамзамон бо ба роҳ андохтани ҷанги равонии густурдае алайҳи давлати Венесуэла талош карданд, бо вазъи таҳримҳои шадид ва ҳамчунин таҳти фишор қарор додани фармондеҳони артиши Венесуэла онҳоро водор ба адами ҳимоят аз Мадуро кунанд, аммо ба иттилои расонаҳои амрикоӣ, то кунун тамоми тарҳҳои Вашингтон барои рӯйи кор овардани давлати дастнишонда дар Венесуэла таҳти раёсати Гуайдо бо шикаст мувоҷеҳ шуда ва акнун замзамаи мудохилаи низомии Вашингтон дар Венесуэла вуҷуд дорад.

Сергей Наришкин, раиси Хадамоти иттилооти хориҷии Русия рӯзи панҷшанбе, 25 апрел аз омодагии Амрико барои иқдоми низомӣ алайҳи давлати қонунии Николас Мадуро дар Венесуэла хабар дод. Вай афзуд, шавоҳиде дар ин бора вуҷуд дорад. Дар бораи иҷрои ин тарҳи Амрико Наришкин таъкид кард, ки ҷавоби онро гузашти замон мушаххас мекунад. Аз нигоҳи Русия, дахолати давлати Трамп дар умури дохилии Венесуэла бо ҳадафи сарнагунии давлати чапгарои ин кишвар ва Николас Мадуро, раисҷумҳури он ва рӯйи кор овардани як давлати вобаста ба раёсати Хуан Гуайдо, саркардаи мухолифони ин кишвар сурат мегирад. Маскав бар ин гумон аст, ки Куба ва Никарагуа аҳдофи ояндаи мудохилагарии Амрико хоҳанд буд.

Бо ин ҳол, гузинаи истифода аз зӯр сарфан мӯҷиби иттиҳоди бештари мардуми кишварҳои ҳадафи Амрико, аз ҷумла Венесуэла ба манзури муқобила бо султагарии Вашингтон шудааст.