Апрел 28, 2019 18:14 Asia/Dushanbe
  • Фарогир шудани қатл ва кордкашӣ дар Британия

Ҷиноятҳои ношӣ аз кордкашӣ дар Британия ба болотарин мизон аз замони сабти ин гуна ҷиноятҳо то кунун расидааст.

Ба гузориши рӯзномаи Индепендент, Идораи миллии омори Британия эълом кард: Дар соли 2018 ҳудуди 44 ҳазору 500 ҷурм бо истифода аз корд дар ин кишвар ба сабт расида, ки бар асари он 252 нафар кушта шуданд ва дар 368 маврид низ талош барои қатл сурат гирифт.

Бар асоси эъломи Идораи миллии омори Британия дар чор соли гузашта шумори ҷиноятҳое, ки аз олоти буранда ҳамчун корд ва шамшер баҳра гирифта шуда рӯ ба афзоиш буда ба гунае, ки ҷиноятҳои ношӣ аз кордкашӣ дар муқоиса бо соли 2011 акнун 33 дарсад афзоиш ёфтааст.

Тибқи ин гузориш дар ҳудуди 19 ҳазор маврид даргирӣ, 17 ҳазору 400 маврид дуздӣ ва 3 ҳазору  200 маврид таҳдид ба қатл аз олоти буранда ҳамчун корд истифода шудааст.

Индепендент навишт: Дар соли 2018 дар беш аз 400 мавриди таҷовуз ба номуси ҷинсӣ ва 150 мавриди тааррузи ҷинсӣ дар Британия муҷрим барои таҳдид ва иҷбори қурбонӣ аз корд истифода кардааст.