Мудири ИНТЕКС: омодаи аввалин табодули тиҷорӣ бо Эрон ҳастем
Мудири созукорҳои вижаи молии Аврупо ва Эрон (INSTEX), аз омодагӣ барои анҷоми аввалин табодули тиҷорӣ бо Эрон дар сареътарин замони мумкин хабар дод.
Ба гузориши ИРНО, Пер Фишер дар нишасте, ки рӯзи душанбе бо ҳузури фаолони иқтисодӣ, ширкатҳои тиҷорӣ, соҳибони сармоя ва мақомҳои давлати Британия дар Лондон баргузор шуд, дар бораи амалкарди ин созукор тавзеҳотеро ироа ва ба нигаронии ширкатҳои британияӣ барои анҷоми мубодилоти молӣ бо Эрон посух дод.
Ҳамид Баидинажод сафири Эрон дар Англия, ки дар ин нишаст ҳузур дошт бо интишори паёме дар Твиттер навишт, ИНТЕКС бо ҷиддият ба дунболи анҷоми аввалин табодули тиҷорӣ бо ҳамтои эронии худ дар сареътарин замони мумкин аст.
Аврупо панҷшанбе 31 январ билохира пас аз моҳҳо расман роҳандозии канали вижаи тиҷорат бо Эрон масум ба ИНТЕКС-ро эълом кард, ин канали молӣ аммо ҳануз иҷроӣ нашудааст.
Майи 2018, ҳамзамон бо хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ, идеаи роҳандозии як канали молии вижа барои тасҳили тиҷорати ширкатҳои кучак ва мутавассити аврупоӣ бо Эрон матраҳ шуд. Аз он замон Аврупо ҳар бор сабти ин созукорро ба баҳонаҳои гуногун ба таъвиқ меандохт.
Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико, 8 май ба таври якҷониба бо поймолсозии таъаҳудоти Вашингтон зери БАРҶОМ кишварашро аз ин тавофуқи байналмиллалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард.
Ин иқдоми Трамп бо маҳкумияти густардаи дохилӣ ва байналмиллалӣ ру ба ру шудааст.