Апрел 30, 2019 17:07 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори ҷонбохтагони интихобот дар Индонезия

Комиссияи умумии интихоботи Индонезия аз афзоиши шумори ҷонбохтагон дар фароянди интихоботи раёсатҷумҳурӣ, парлумонӣ ва маҳаллии ин кишвар ба 367 тан хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, Комиссияи умумии интихоботи Индонезия рӯзи сешанбе эълом кард, пас аз гузашти 12 рӯз аз интихоботи саросарӣ дар ин кишвар 367 нафар аз муҷриёни баргузории ин фароянд ба далели «кори беш аз ҳад» дар рӯзи интихобот ва фароянди шумориши ороъ ҷон бохтанд.

Пеш аз ин Комиссияи умумии интихоботи Индонезия аз марги 272 нафар дар ин интихоботи саросарии ахир дар ин кишвар хабар дода буд.

Бар асоси гузориши Комиссияи умумии интихоботи Индонезия, беш аз 2 ҳазор нафар аз муҷриёни баргузории интихоботи ахири Индонезия ҳамчунон бемор ҳастанд.

Ҷамъияти Индонезия ҳудуди 261 миллион нафар аст, ки аз ин теъдод 193 миллион нафар воҷиди шароити раъй додан будаанд ва 80 дарсад аз онҳо низ дар интихобот ширкат карданд. Ҳудуди шаш миллион нафар дар фароянди баргузории ин интихобот мушорикат доштанд.

 

Барчасп