Вазрири хориҷаи Венесуэла: Кудетои рӯзи сешанбе дар Амрико тарроҳӣ шуда буд
Вазири хориҷаи Венесуэла дар гуфтугӯ бо хабаргузории Рейтерз тасреҳ кард: Кудетои нофарҷоми рӯзи сешанбе дар Венесуэла, мустақиман дар Вашингтон барномарезӣ шуда буд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Меҳр, Хорхе Арреза гуфт: Танҳо ҳудуди 30 сарбоз, ки аз сӯи Хуан Гуайдо, раҳбари мухолифони давлати Венесуэла таҳрик шуда буданд, дар ин кудетои нофарҷом ҳузур доштанд.
Вазири хориҷаи Венесуэла афзуд: Ин кудетои кӯчакро Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Амрико ҳидоят кард ва кудето фасли дигаре аз талошҳои амрикоиҳо барои сарнагун кардани давалати Николас Мадуро, раисҷумҳури қонунии Венесуэла буд.
Хуан Гуайдо рӯзи сешанбе дар як паёми видеоӣ аз аз тарафдоронаш ва низ нерӯҳои мусаллаҳи Венесуэла хостааст, ки алайҳи Николас Мадуро даст ба шӯриши мусаллаҳона бизананд. Ин дархост бо истиқболи низомиёни Венесуэла рӯбарӯ нашуд ва кудетои кӯчаки Гуайдо ва ҳампаймононаш шикаст хӯрд.
Дар ҳамин ҳол Дабири кулли СММ эълом кард, ки таҳаввулоти Венесуэларо аз наздик дунбол мекунад ва аз ҳамаи тарафҳо мехоҳад ҳадди аксари хештандориро ба харҷ диҳанд ва гомҳои фавриро барои бозгардондани ормиш бардоранд.