Қарор гирифтани мадориси динии Покистон таҳти назорати низоми омӯзишии ин кишвар
(last modified Wed, 01 May 2019 09:01:04 GMT )
Май 01, 2019 14:01 Asia/Dushanbe
  • Қарор гирифтани мадориси динии Покистон таҳти назорати низоми омӯзишии ин кишвар

Сухангӯи артиши Покистон эълом кард: Беш аз 30 ҳазор мадрасаи динӣ дар ин кишвар таҳти назорати низоми омӯзишӣ қарор мегиранд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, сарлашкар Осаф Ғафур, сухангӯи артиши Покистон дар конфронси хабарӣ гуфт: Покистон шоҳиди афзоиши мадориси динӣ аз 247 мадраса дар соли 1947 ба 2 ҳазору 861 мадраса дар соли 1980 буд ва ҳамакнун беш аз 30 ҳазор мадрасаи динӣ дар Покистон фаъолият мекунанд.

Сухангӯи артиши Покистон афзуд: Аз ин теъдод мадориси динӣ 10 мадраса машғули таблиғот барои терроризм ва иқдомоти террористӣ ҳастанд.

Сарлашкар Осаф Ғафур дар айни ҳол сервисҳои иттилоотии Ҳиндустон ва Афғонистонро ба ҳимоят аз бархе гурӯҳҳои тундрав барои баргузории таҷаммӯъ ва тазоҳурот алайҳи артиши Покистон муттаҳам кард.