Ҳудуди якпанҷуми кӯдакон дар Амрико дар фақр зиндагӣ мекунанд
(last modified Wed, 01 May 2019 14:00:07 GMT )
Май 01, 2019 19:00 Asia/Dushanbe
  •  Ҳудуди якпанҷуми кӯдакон дар Амрико дар фақр зиндагӣ мекунанд

Бар асоси ҷадидтарин гузориши мунташиршуда, ҳудуди якпанҷуми кӯдакон дар Амрико, ки аксари онҳо рангинпӯст ҳастанд, дар фақр зиндагӣ мекунанд.

Бар асоси гузориши ҷадиде, ки Сандуқи дифоъ аз кӯдакони Амрико рӯзи сешанбе мунташир кард, дар соли 2017 беш аз дувоздаҳ миллиону ҳаштсад ҳазор кӯдак дар ин кишвар дар хонаводаҳое зиндагӣ мекарданд, ки даромади камтар аз хати фақр, яъне даромади 25 ҳазор доллар дар сол барои як хонаводаи чаҳорнафара доштанд.

Дар ин гузориш омадааст, аз ин кӯдакон, ки ҳамчунон дар фақр зиндагӣ мекунанд, беш аз чиҳилу се дарсад дар хонаводаҳое зиндагӣ мекунанд, ки ғизои кофӣ барои хурдан надоранд.

Ин гузориш меафзояд, фақр ҳамчунин бар дигар ҷанбаҳои зиндагии ин кӯдакони амрикаӣ таъсири манфӣ дошта ва бар фурсатҳо ва пешрафтҳои онҳо таъсиргузор аст.

Сандуқи дифоъ аз кӯдакони Амрико дар идома, зимни дархост барои иқдоми фаврии давлати Амрико дар бораи ҳалли ин муъзал, мутазаккир шудааст, сармоягузорӣ дар ин хусус танҳо 1,4 дарсади ҳазинаҳои давлати федерал аст.