Маҳкумияти муассиси “Викиликс” дар Британия
(last modified Wed, 01 May 2019 14:39:22 GMT )
Май 01, 2019 19:39 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти муассиси “Викиликс” дар Британия

Дастгоҳи қазоии Британия бо судури ҳукме Ҷулиян Ассанж, ифшогари “Викиликс” - ро ба иттиҳоми “нақзи қонунҳои марбут ба қарори васиқа” ба 50 ҳафтаи ҳабс дар зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши ИРНА, қозии ин парванда ҳамчунин Ассанжро муттаҳам кард, ки дар муддати 7 соли паноҳандагӣ дар сафоратхонаи Эквадор, ба дастгоҳҳои амниятии Британия 16 миллион фунт хисорот расонидааст.

Қозӣ иддаои Ассанж, ки шароити иқомат дар сафорати Эквадорро ба зиндон ташбеҳ карда буд, рад ва изҳор дошт, ки 50 ҳафта ҳабс ҳаддиаксари ҳукме аст, ки метавонад барои иттиҳоми ӯ содир кунад.

Ҳамзмон бо баргузории додгоҳи Ассанж, тарафдоронаш хориҷ аз сохтмони додгоҳ таҷаммуъ карда ва бо сар додани шиорҳо ва ҳамли шиорнавиштаҳое, хостори озодии вай шуданд.

Ҷулиян Ассанж, муассиси сайти “Викиликс” дар соли 2010 бо интишори тасовир ва видеоҳои куштори ғайринизомиён дар Ироқ ва Афғонистон ба дасти нерӯҳои артиши Амрико, мавриди таваҷҷуҳи расонаҳои байналмилалӣ қарор гирифт.

Ассанжи 47 сола, ки барои ҷилавгирӣ аз боздошти худ, соли 2012 ба сафорати Эквадор дар Лондон паноҳанда шуда буд, 11 апрели 2019 бо лағви паноҳандагиаш, тавассути полиси Британия боздошт шуд.