Май 03, 2019 20:40 Asia/Dushanbe
  • Муҷассамаи мурғ ба ҷойи вазири додгустарии Амрико дар Конгресс

Як намояндаи Конгресси Амрико дар пайи сарпечии вазири додгустарии ин кишвар аз ҳузур дар ҷаласаи шунуд, муҷассамаи мурғро муқобили сандалии холии вай қарор дод.

Стефан Коҳан дар пайи ҳозир нашудани Уилям Барр вазири додгустарии ин кишвар дар ҷаласаи кумитаи қазоии Маҷлиси намояндагон ба манзури посух ба саволҳои марбут ба гузориши Роберт Мюллер бозпурси вижаи таҳқиқоти интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2016, ин иқдомро анҷом дод.

Дар ин ҷаласа, дар муқобили ин муҷассамаи мурғ, номи Уилям Барр вазири додгустарӣ ва додситони кулли Амрико навишта шуда буд.

Дар фарҳанги амрикоӣ, мурғ ба навъе намоди тарсӯ ва буздил будан маҳсуб мешавад.

Коҳан дар иқдоме дигар дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Амрико машғули хӯрдани мурғи сухорӣ шуд, ки қаблан суфориш дода буд ва сипас дар нишасти хабарӣ гуфт, Уилям Барри мурғ мебоист ин ҷо ҳозир мешуд ва ба саволҳо ҷавоб медод.

Вазири додгустарии Амрико баъд аз ҷаласаи пуртаниши худ дар Маҷлиси сено, аз ширкат дар ҷаласаи шунуди кумитаи қазоии Маҷлиси намояндагон худдорӣ кард.

Эҳзори Уилям Барр ба Конгресс дар пайи он сурат гирифт, ки вай муддаӣ шуд, ки тибқи гузориши Мюллер ҳеҷ ҳамкорие байни наздикони Трамп ва Русия дар интихоботи 2016 вуҷуд надоштааст.

 

Барчасп