Русия: Амрико бо ДИИШ пинҳонӣ ҳамкорӣ мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i4351
Вазорати умури хориҷии Русия бо интиқоди шадид аз ҳамалоти ҳавоии эътилофи таҳти раҳбарии Амрико дар Сурия эълом кард, ки Амрико бо ДИИШ ҳамдаст аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 18, 2016 11:25 Asia/Dushanbe
  • Русия: Амрико бо ДИИШ пинҳонӣ ҳамкорӣ мекунад

Вазорати умури хориҷии Русия бо интиқоди шадид аз ҳамалоти ҳавоии эътилофи таҳти раҳбарии Амрико дар Сурия эълом кард, ки Амрико бо ДИИШ ҳамдаст аст.

Ба гузориши хабаргузории "Форс",  Мария Захарова, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия гуфтааст, Маскав ба ин «ҷамъбандии ҳавлнок» расида, ки Вашингтон дар ҳоли ҳамкории пинҳонӣ бо гурӯҳи террористи ДИИШ аст.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия ҳамчунин бо ишора ба тавофуқи ҳафтаи гузаштаи Москва – Вашингтон барои оташбаси саросарӣ дар Сурия афзуд, гурӯҳҳои мухолифи мусаллаҳи сурӣ пас аз иҷро шудани тавофуқи оташбас ҳамалотшонро дар Сурия шиддат бахшидаанд. Чаҳор ҷангандаи‎ амрикоӣ рӯзи гузашта мавозеи артиши Сурияро дар наздикии фурудгоҳи шаҳри Дайр-уз-зур бомбаборон карданд.

Артиши Русия дар баёниҳ‎ое эълом карда, ки дар ин ҳамлаи ҳавоӣ беш аз 60 нафар аз низомиёни артиши Сурия кушта ва дастикам сад нафар ҳам захмӣ шудаанд.

Ситоди фармондеҳи марказии Илоти Муттаҳидаи Амрико ҳам соате баъд зимни таъйиди ҳамлаи ҷангандаҳои ин кишвар ба мавозеи артиши Сурия муддаӣ шуд, ин ҳамла амдӣ набуда, билофосила баъд аз ҳушдори Русия мутаваққиф шудааст. Дар ҳамин ҳол, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия баргузории нишасти фавқулоддаи Шӯрои амнияти Созмон Милали Муттаҳидро барои баҳс дар бораи ҳамлаи ҷангандаҳои Амрико ба мавозеи артиши Сурия хостор шуд. Ӯ таъкид кард: "Мо хостори тавзеҳоти муфассал ва комили Вашингтон ҳастем ва ин кор бояд дар Шӯрои амният анҷом шавад".

Манобеи дипломатӣ гуфтаанд, Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид эҳтимолан то соатҳои дигар ба дархости Русия барои баррасии ин ҳамлаи ҳавоӣ ҷаласа доир намояд.