Иқдоми нави зиддибарҷомии Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i43513-Иқдоми_нави_зиддибарҷомии_Амрико
Тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ, тавофуқе бисёр муҳим дар чорчуби ҳифзи сулҳ ва амнияти байналмиллалӣ ба ҳисоб меояд, аммо Амрико дар ростои фурупошии ин тавофуқ дар 8 майи 2018 аз он хориҷ шуд. Давлати Трамп дар ду марҳила дар августу ноябри 2018 таҳримҳои ҳастаиро алайҳи Эрон дубора барқарор карда ва ҳануз низ ба фишорҳои таҳримии худ идома медиҳад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 04, 2019 10:14 Asia/Dushanbe
  • Иқдоми нави зиддибарҷомии Амрико

Тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ, тавофуқе бисёр муҳим дар чорчуби ҳифзи сулҳ ва амнияти байналмиллалӣ ба ҳисоб меояд, аммо Амрико дар ростои фурупошии ин тавофуқ дар 8 майи 2018 аз он хориҷ шуд. Давлати Трамп дар ду марҳила дар августу ноябри 2018 таҳримҳои ҳастаиро алайҳи Эрон дубора барқарор карда ва ҳануз низ ба фишорҳои таҳримии худ идома медиҳад.

Амрико дар навтарин иқдоми зидди барҷомии худ, 3 маврид аз муофиятҳои фаолияҳои ҳастаии Эронро лағв кард ва дар бораи бақияи онҳо низ муддати онро аз 180 рӯз ба 90 рӯз коҳиш дод. Вазорати хориҷаи Амрико ҷумъашаб дар баёнияе эълом кард, аз рӯзи шанбе 4 май ҳаргуна ҳамкории кишварҳои солис дар заминаи тавсеъаи неругоҳи атомии Бушеҳр ва ё интиқоли урани ғанишуда ва оби сангин ба хориҷ аз Эрон  кишварҳои мазкурро дар маърази таҳрим қарор хоҳад дод. Аммо фаолияти сайтҳои ҳастаии Бушеҳр, Арок ва Фордо ҳам чунон муоф аз таҳримҳо хоҳанд буд. Вазорати хориҷаи Амрико ҳамчунин дар ин баёния таъкид кард, Вашингтон дигар иҷозаи захирасозии оби сангини тавлидии мозод бар маҳдудиятҳои феълии Эронро намедиҳад. Дар ҳоле, ки бар асоси БАРҶОМ ба Эрон иҷозаи ғанисозии уран дар сатҳи  3/67 дарсад дода шуда, аммо иқдомоти таҳримии ахири Амрико амалан ба маънои таваққуфи фаолиятҳои ғанисозӣ дар Эрон аст.

Дар Оғози ин баёния омадааст, давлати Трамп ҳамчунон Эронро масъули фаолиятҳое медонад, ки таҳдиде барои минтақа ба ҳисоб меояд. Ин сиёсат шомили маҳрумсозии Эрон аз ҳаргуна масире ба сӯи таслиҳоти ҳастаӣ низ ҳаст.

Амрико бо судури ин баёния, амалан кишварҳои гуруҳи 4+1-ро аз иҷрои мафоде аз ин тавофуқи байналмиллалӣ аз ҷумла тасҳили интиқоли оби сангини мозоди Эрон ба Уммон, табодули урани ғанишуда бо кейки  зард ва ҳамчунин ҳамкории Русия дар заминаи тавсеъаи неругоҳи Бушеҳр манъ кардааст.

Майк Пампео вазири умури хориҷаи Амрико дар изҳороте муддаъӣ шуд ин тасмимот бо ҳадафи маҳрумсозии Эрон аз ҳаргуна масири дастёбӣ ба таслиҳоти ҳастаӣ иттихоз шудааст.

Ин изҳороти Пампео дар ҳолест, ки Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ токунун дар 14 гузориш, сулҳомез будани фаолиятҳои ҳастаии Ҷумҳурии исломии Эронро таъид кардааст.

Иқдоми нави Амрико комилан бар хилофи мафоди тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ ва қатъномаи 2231 Шурои амнияти Созмони Миллал буда ва сирфан бар мабнои хостаи зӯрмандонаи Вашингтон ва ба манзури боздоштани дигар кишварҳо аз ҳаргуна ҳамкории ҳастаӣ бо Эрон сурат гирифтааст. Дар воқеъ давлати Трамп бо таваҷҷуҳ ба мухолифати Эрон бо хостаҳои 12 гонае, ки Пампео соли гузашта матраҳ кард, акнун худ даст ба кор шуда ва талош мекунад, то яке аз муҳимтарин маворид яъне таваққуфи фаолиятҳои ҳастаии Эронро бо корбурди зӯр ва иҷбор амалӣ намояд.

Амрико эътиное ба гузоришҳои ожонс дар бораи сулҳомез будани фаолиятҳои ҳастаии Эрон надошта ва сирфан ба иддаоҳои дуруғи режими саҳюнистӣ дар ин замина таваҷҷуҳ мекунад. Ин иқдоми Амрико дар ростои сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи Эрон сурат гирифтааст.

Бо ин ҳол Эрон бо азми ҷиддӣ дар муқобили фишорҳои Амрико ва хостаҳои ғайриқонунии он истодааст. Аъзои гуруҳи 4+1 низ бар хилофи Амрико, ки иддао мекунад Эрон ба мафодди БАРҶОМ амал накарда ва  онро як тавофуқи коро ва муъассир барои контроли фолиятҳои ҳастаии Эрон намедонад, муътақиданд, ки на фақат Эрон ба ҳамаи таъаҳудоти худ дар чорчуби тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ амал карда, балки БАРҶОМ дар дастёбӣ ба ҳадафҳои худ яъне пешгирӣ аз бурузи таниш ва муноқиша дар сатҳи минтақавӣ ва байналмиллалӣ низ муваффақ амал кардааст. Аъзои гуруҳи 4+1 хоҳони иҷрои мафоди тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ аз ҷумла идомаи фаолиятҳои сулҳомези ҳастаии Эрон ҳастанд.