Май 05, 2019 11:26 Asia/Dushanbe
  • Русия: таҳримҳои Амрико боиси таваққуфи ҳамкориҳо бо Эрон намешавад

Муовини вазири хориҷаи Русия рӯзи шанбе таъкид кард таҳдидҳо ва таҳримҳои Амрико наметавонад ҳамкориҳои Эрон ва Русияро мутаваққиф кунад.

Ба нақл аз ИРНО, Сергей Риябков тасреҳ кард, Русия қасд дорад бо вуҷуди таҳдиди Амрико ба таҳрим, ҳамкорӣ бо Эронро дар ҳамаи бахшҳо аз ҷумла ҳастаӣ ба пеш бибарад.

Риябков бо баёни инки Русия аз соли 2012 бо таҳримҳои ғайриқонунии Амрико ру ба ру аст афзуд, Маскав ба ин иқдомоти ғйриқонунии Вашингтон одат кардааст.

Муовини вазири хориҷаи Русия дар идома бо ишора ба таҷрибаи таҳримии Эрон ва Русия таъкид кард Маскав ва Теҳрон ҳеҷгоҳ таслими Вашингтон нахоҳанд шуд.

Амрико ҷумъашаб дар навтарин иқдоми зидди барҷомии худ, 3 маврид аз муофиятҳои фаолиятҳои ҳастаии Эронро лағв ва дар баёнияе эълом кард аз рӯзи шанбе  4 май, кумак ба густариши  неругоҳи ҳастаии Бушеҳр фаротар аз воҳиди риактории кунунӣ ва низ фаолиятҳо барои интиқоли урани ғанишуда ба хориҷ аз Эрон дар ивази урани табиӣ метавонад таҳримпазир бошад.

Вазорати хориҷаи Амрико ҳамчунин дар ин баёния таъкид кард, Вашингтон дигар иҷозаи захирасозии оби сангини мозод бар маҳдудиятҳои феълии Эронро намедиҳад.

Амрико бо судури ин баёния, амалан кишварҳои гуруҳи 4+1-ро аз иҷрои мафоде аз ин тавофуқи байналмиллалӣ аз ҷумла тасҳили интиқоли оби сангини мозоди Эрон ба Уммон, табодули урани ғанишуда бо кейки зард ва ҳамчунин ҳамкории Русия дар заминаи тавсеъаи неругоҳи Бушеҳр  манъ кардааст.