Май 06, 2019 10:37 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори талафоти оташсузии ҳавопаймои Суперҷети русӣ ба 41 нафар+akc

Манобеъи русӣ бомдоди душанбе аз афзоиши шумори ҷонбохтагони ҳодисаи оташсузии ҳавопаймои Сухой Суперҷети 100 Русия дар фурудгоҳи Шереметево дар шимол ғарби Маскав,пойтахти ин кишвар,ба 41 нафар хабар доданд.

Ба гузориши Ир Но, ин ҳавопаймои мусофирбарии русӣ асри якшанбе дар ҳини фуруди изтирорӣ дар фурудгоҳи Шереметово, дучори оташсузӣ шуд.

Ин ҳавопаймо 78 мусофир дошт.

Мақомоти рус пештар шумори қурбониёни ин ҳодисаро 13 нафар эълом карда буданд.

37 нафар аз ин ҳодиса ҷони солим ба дар бурданд.

 Вазорати беҳдошти Русия хотирнишон кард бештари қурбониён дар натиҷаи сухтагӣ ва букашидани мунуаксиди карбон ҷони худро аз даст додаанд.

Ин Суперҷет ба хутути ҳавоии Аэрофлот и русия таалуқ дорад.

Иллати ин ҳодиса ҳануз мушахас нест.

Шабакаи Раша Тудей  бомдоди душанбе эълом кард, таҳқиқот дар бораи иллати ин ҳодиса оғоз шудааст.