Май 06, 2019 11:37 Asia/Dushanbe
  • Дабири кули Созмони Миллал ҳулули моҳи мубораки Рамазонро табрик гуфт

Дабири кули Созмони Миллали Мутаҳид якшанбе шаб, ҳулули моҳи мубораки Рамазонро ба мусалмонони ҷаҳон табрик гуфт.

Ба гузориши ИРНО, Антонио Гутерреш, дар Твиттер ба забонҳои арабӣ ва англисӣ ибрози умедворӣ кард фазоили моҳи мубораки Рамазон манбаъи илҳомбахше барои тамоми ҷаҳон бошад.

 Бархе кишварҳои исломӣ аз ҷумла Арабистон Кувейт, Баҳрайн Иморат, Қатар, Лубнон, Либий, Афғонистон ва Малайзия оғози моҳи мубораки Рамазони 1440 ҳиҷрии қамариро 6 май эълом каданд.

Мусалмонони кишварҳои Чин, Австралия ва Зеландияи нав ҳам фардоро ба унвони нахустини рӯз аз моҳи мубораки Рамазон рӯза мегиранд.

 Дар Ҷумҳурии исломии Эрон, Ироқ ва Покистон низ сешанбе оғози моҳи мубораки Рамазон хоҳад буд.