Сентябр 18, 2016 12:15 Asia/Dushanbe
  • Занги интихоботи Дума навохта шуд

Занги интихоботи ҳафтумин давраи Дума дар саросари Русия соати ҳашти субҳи имрӯз, ба вақт маҳаллӣ навохта шуд.

Ба гузориши ИРНА, ин раъйдиҳии 12-соата дар 94 ҳазору 500 ҳавзаи раъйгирӣ дар дохили Федератсияи Русия ва 364 ҳавзаи раъйдиҳӣ дар сафорату намояндагиҳои сиёсии Русия дар 145 кишвар баргузор мешавад. Интихоботи Дума дар манотиқи дури Русия, ҳамчун Ховари Дур ва Наздик пеш аз ин баргузор шудааст.

Беш аз 109 миллион нафар дар дохили Русия ва ҳудуди ду миллион шаҳрванд дар хориҷ аз ин кишвар ҳуқуқи овоздиҳӣ дар интихоботро доранд.

Дар интихоботи ин давраи Дума номзадҳои муаррифишудаи 14 ҳизб, ки тавонистаанд шарти илзомӣ, ироаи имзои 200 ҳазор тарафдорро иҷро кунанд, барои касби 225 курсӣ ва ҳамчунин гурӯҳи номзадҳои мустақил барои касб 225 курсии дигар рақобат мекунанд.

Ҳамзамон бо интихобот дар Дума раъйдиҳӣ барои таъйини шӯроҳои минтақаӣ дар 85 ҷумҳурӣ ва вилояти Русия низ баргузор мешавад.

Пирӯзи чандин давраи рақобатҳои интихоботии Дума ва раёсатҷумҳур аз соли 2000 то кунун намояндагони Ҳизби Русияи воҳид, ҳизби ҳоким буда, ки аслитарин чеҳраи он Владимир Путин аст ва акнун низ савумин давраи риёсатҷумҳурияшро мегузаронад.

Русия бо ҳудуди 17 миллиону 75 ҳазор километри мураббаъ густурдагӣ бузургтарин кишвар ҷаҳон буда, бо 14 кишвар осиёӣ ва аврупоӣ марзи заминӣ дорад.

 

Барчасп