Май 07, 2019 13:36 Asia/Dushanbe
  • Партоби тухми мурғ ба самти нахуствазири Австралия

Як муътаризи хашмгин ба самти нахуствазири Австралия тухми мурғ парт кард, ки тавассути неруҳои амниятӣ дастгир шуд.

Ба нақл аз Рейтерз, полиси иёлати Нию Савс Вейлз-и Австралия эълом кард, имрӯз сешанбе  дар як корзори интихоботӣ дар шаҳри Албири дар ҷануби ин иёлат, як зани 25 сола ба Скат Морисон нахуствазири ин кишвар тухми мурғ партоб кард.

Ин ҳамла дар замони боздиди нахуствазири Австралия аз шаҳри Албири яке аз ҳавзаҳои интихоботиаш дар иёлати  Нию Савс Вейлз иттифоқ афтод.

Гуфта мешавад, шахси дастгир шуда ба шароити нигаҳдории паноҳандагоне, ки дар ҷазираи маънуси Папоа-и  Гинаи нав зиндонӣ ҳастанд, муътариз аст.