Май 08, 2019 14:14 Asia/Dushanbe
  • Солрӯзи хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ, нақзи аҳди ошкори Вашингтон

Тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ, тавофуқе бисёр муҳим дар ростои ҳифзи сулҳу амнияти байналмиллалӣ ба ҳисоб меояд, аммо Амрико ба манзури фурупошии ин тавофуқ дар 8 майи 2018 аз он хориҷ шуд.

Руйкарди зиддибарҷоми Вашингтон мавриди қабули аъзои гуруҳи 4+1 яъне Русия, Чин, Троикаи аврупоӣ (Олмон,Фаронса ва Британия) ва Иттиҳодияи Аврупо нест. Давлати Трамп дар ду марҳила дар август ва ноябри 2018 таҳримҳои ҳастаиро алайҳи Эрон дубора барқарор карда ва ҳануз ба фишорҳои таҳримии худ идома медиҳад.

Акнун дар солгарди хуруҷи Амрико ҷаҳон шоҳиди паёмадҳои ин идоми ғайриқонунии давлати Трамп аст. Иқдоми Доналд Трамп дар заминаи эъломи хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ на фақат эътибори тавофуқоти байналмиллалиро зери савол бурдааст, балки табаоти он низ метавонад таъсироти манфӣ бар сулҳу амнияти минтақавӣ ва байналмиллалӣ бигузорад.

Баҳонаи аслии Трамп барои хуруҷ аз БАРҶОМ, адами ифои таъаҳудоти Эрон дар чорчуби ин тавофуқ ва низ баҳраманд нашудани Амрико ва нарасидани он ба ҳадафҳои мадди назараш аз БАРҶОМ буд. Бо ин ҳол дигар аъзои БАРҶОМ, ки акнун дар гуруҳи 4+1 муҷтамаъ шудаанд, назаре бар хилофи Вашингтон доранд.

Давлати Трамп борҳо иддаои адами иҷрои таъаҳудоти барҷомӣ аз сӯи Эронро матраҳ карда ва ҳатто Теҳронро муттаҳам ба талош барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ кардааст. Аммо Ожонси байнамиллалии энержии атомӣ, ки масъулияти назорат бар иҷрои БАРҶОМро ба уҳда дошта, иддаъоҳои дуруғи Трамп дар бораи барномаи ҳастаии Эронро қабул накарда ва дар 14 гузориш, пойбандии Эрон ба таъаҳудоти ҳастаии худ дар чорчуби  БАРҶОМро таид кардааст.

Юкийо Амано, мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ низ дар охирин мавзеъгирии худ дар ин замина дар Шурои амнияти Созмони Миллал бори дигар иҷрои таъаҳудоти Эрон дар чорчуби БАРҶОМро таъид кард ва гуфт, аз соли 2009 ба баъд ҳеҷ инҳирофе дар фаолиятҳои ҳастаии Эрон мушоҳида нашудааст. Зоҳиран Амрико эътиное ба гузоришҳои ожонс дар бораи фаолиятҳои ҳастаии Эрон надошта ва фақат ба иддаоҳои дуруғи режими саҳюнистӣ дар ин замина таваҷҷуҳ мекунад.

Аз сӯи дигар Трамп интизороти худ аз Эронро бисёр фаротар аз БАРҶОМ бурдааст. Майк Пампео вазири умури хориҷаи Амрико дар майи 2018 шурути 12 гонаеро дар баробари Эрон матраҳ карда, ки иҷрои онҳо дар воқеъ ба маънои таслими беқайду шарти Эрон дар баробари Амрико аст, ки аз ҷумлаи онҳо таваққуфи комили барномаи ҳастаӣ, таваққуфи барномаи мушакӣ, қатъи нуфузи минтақавии Эрон ва ба таври куллӣ олӣ сохтани Эрон аз ҳамаи авомили қудрати миллӣ ва минтақавӣ аст.

Иддаоҳои газофи Вашингтон дар бораи пойбанд набудани Эрон ба БАРҶОМ ва дар ниҳоят хуруҷ аз ин тавофуқи муҳим, дар воқеъ барои ташдиди фишорҳо алайҳи Эрон аст. Ба гуфтаи Броён Ҳук масъули вижаи Эрон дар Вазорати умури хориҷаи Амрико, Вашингтон ба ин далел аз БАРҶОМ хориҷ шудааст, ки битавонад фишорҳояш алайҳи Теҳронро афзоиш диҳад ва сиёсати фишори ҳдиаксарӣ алайҳи Эронро идома хоҳад дод.

Дар вокуниш ба хуруҷи ғайри қонунии Амрико аз БАРҶОМ ва адами ифои ваъдаҳои аврупоиҳо дар бораи коҳиши асароти манфии таҳримҳои ҳастаии Амрико, Эрон дар солгарди хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ эълом кард, ки иҷрои бахше аз таъаҳудоти худ дар чорчуби БАРҶОМро мутавақиф мекунад.

Ин масъала вокуниши Амрикоро барангехт. Взири умури хориҷаи Амрико дар бораи тағйири руйкарди Эрон дар баробари БАРҶОМ гуфт, ман ҳам бархе аз ин гузоришҳоро хондаам, ки нишон медиад онҳо тағйироте эҷод хоҳанд кард. Ин масъала ба сурати сифру як аст. Шумо ё муттаҳид ба тавофуқ ҳастед ё нестед.

Ба рағми мавзеъи Пампео, Эрон дар бурҳаи кунунӣ сирфан иҷрои бархе таъаҳудоти барҷомии худро мутаваққиф карда ва бадин тартиб ҷиддияти худро ба аъзои гуруҳи 4+1 нишон додааст.

Руйкарди Амрико дар баробари Эрон сирфан бар таҳдид, зур ва иҷбор мубтанӣ аст. Бо ин ҳол Эрон зарфи чиҳил соли гузашта ҳамвора дар муқобили сиёсатҳо ва иқдомоти Амрико истодагӣ карда ва амалан тавтеъаҳои Вашингтонро хунсо ва беасар кардааст. Дар айни ҳол Эрон собит карда, ки бо муваффақият қодир ба ғалаба бар таҳримҳои Амрико ва муқобила бо сиёсатҳои хасмонаи давлати Трамп аст.

Барчасп