Май 11, 2019 16:47 Asia/Dushanbe
  • Террори як мақоми зани афғон дар Кобул

Сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон аз кушта шудани яке аз мақомоти зани афғон ба зарби гулӯла дар ҳамлаи афроди мусаллаҳи ношинос дар Кобул хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Синхуа”, Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон эълом кард, Мино Мангал, мушовири Комиссияи фарҳангии Маҷлиси намояндагони Афғонистон субҳи рӯзи шанбе дар Кобул ҳадафи тирандозии афроди мусаллаҳи ношинос қарор гирифт ва ҷон супурд.

Мино Мангал пеш аз ин дар шабакаҳои телевизионии Афғонистон ба унвони муҷрӣ ва хабарнигор фаъолият дошт.

Муҳоҷимон билофосила пас аз ин ҳамла аз маҳалли тирандозӣ гурехтанд ва таҳқиқот дар ин хусус аз сӯйи нерӯҳои амниятӣ идома дорад.

То кунун шахс ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар уҳда нагирифтааст.