Май 11, 2019 18:20 Asia/Dushanbe
  • Трамп ҷанги тиҷорӣ бо Чинро оғоз кард

Пас аз шикасти музокироти тиҷории Вашингтон бо Пекин, Трамп бо дастури афзоиши 200 миллиарддолларии таърифа бар колоҳои чинӣ, субҳи имрӯз ҷанги тиҷории Амрико бо Чинро оғоз кард.

Ба гузориши “Алъолам”, дар пайи иқдоми Трамп дар хусуси афзоиши 200 миллиард доллар таърифа бар колоҳои чинӣ, мақомоти чинӣ гуфтанд, ки муқобилаи бамисл ё иқдоми ҷавобӣ хоҳанд кард.

Таҳлилгарони амрикоӣ муътақиданд, Трамп ба ин масъала ба унвони як ҳарбаи муҳими интихоботӣ нигоҳ мекунад.

Дар айни ҳол ду тараф барои ором кардани бозорҳои ҷаҳонӣ эълом карданд, ки гуфтугӯҳоро дар оянда идома хоҳанд дод.

Амрико ахиран дар чандин арса, монанди тавлиди мушакҳои ҳастаии миёнбурд, ҳузури ширкати чинии “Ҳуавей” дар тарҳҳои интернетии мухобиротӣ дар Аврупо ва мабоҳиси минтақаӣ, Чинро ба таҳдид ва бесубот кардани дунё муттаҳам кардааст.

Равобити Чин ва Амрико ҳеҷ гоҳ дар чунин вазъияти шиканандае набудааст.