Эътирози Саннои Афғонистон ба ҷиноятҳои Амрико
Раис ва аъзои Саннои Афғонистон ба иқдомот ва ҷиноятҳои низомиёни хориҷӣ ба фармондеҳии Амрико дар қатли омми ғайри низомиёни афғон эътироз караднд.
Ба гузориши Садо ва симо аз Кобул Фазлҳодӣ Муслимёр раиси Маҷлиси саннои Афғонистон дирӯз дар ҷаласаи алании ин ниҳод гуфт; беш аз навад дар сади кушташудагони амалёти шабонаи низомиёни терористии амрикоӣ, ғайри низомиён аз ҷумла занон ва кудакон ҳастанд.
Вай афзуд; тозатарин ҷиноятҳои Амрико дар шаҳристони Чапарҳор дар вилояти Нангарҳор,чор муалими афғон кушта шуданд. Теъдоди дигаре аз намояндагони Маҷлиси саннои Афғонистон низ бо ибрози нигаронӣ аз талафоти ғайринизомиёни афғон бар асари амалиёти шабонаи низомиёни хориҷӣ, бар тавақуфи чунин амалиёте таъкид карданд.
Ҷиноятҳои Амрико дар минтақаҳои мухталифи Афғонистон ба баҳонаи мубориза бо Толибон ва қатли омми ғайри низомиён хашми ардуми ин кишварро барангехтааст.
Қатли омми ғайри низомиёни афғон дар ҳамлаҳои мукарари низомиёни амрикоӣ дар ҳоле аст,ки ахиран Девони кайфарии байналмиллалӣ мустақар дар Лоҳа аз расидагӣ ба шикоятҳои ҷиноятҳои ҷангии низомиёни амрикоӣ ва НАТТО дар Афғонистон таҳти фишор ва таҳдиди Вашингтон худдорӣ кард.