Интиқоди Олмон аз сиёсати Доналд Трамп дар қиболи Эрон
Муовини вазири умури хориҷаи Олмон сиёсатҳои раисҷумҳури Амрико алайҳи Эронро ғайриқонунӣ донист.
Ба гузориши рӯзномаи олмонии “Тагс Шпигел”, Нилз Анен, муовини вазири умури хориҷаи Олмон бо ибрози нигаронӣ аз суханрониҳои хашин ва ҷангталабонаи зиддиэронии мақомоти амрикоӣ гуфт, сиёсати Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар ин замина ғайриқонунӣ аст, зеро мусавваботи Созмони Милалро нодида мегирад.
Нилз Анен бо таъкид бар ин ки давлати Олмон мехоҳад дар ҳар сурат ба тавофуқи байналмилалии ҳастаӣ бо Эрон пойбанд бошад, изҳор дошт, ки ширкатҳои олмониро ташвиқ мекунем тиҷоратҳои қонунӣ бо Эронро пеш бибаранд.
Пештар Ҳайко Маас, вазири умури хориҷаи Олмон низ таъкид карда буд, ки Аврупо ва Берлин хостори ҳифзи тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон ҳастанд.
Олмон, Британия ва Фаронса баъд аз хуруҷи ғайриқонунии Амрико аз БарҶом (8 майи соли 2018) ваъда доданд, бо тазмини манофеи иқтисодии Эрон ин тавофуқро ҳифз кунанд.
Ин кишварҳо бо вуҷуди истодагиҳои лафзӣ ва сиёсӣ дар баробари иқдоми Амрико, то кунун муваффақияте дар иқдомоти амалӣ касб накардаанд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико 8 –уми майи соли 2018 ба таври якҷониба бо нақзи тааҳҳудоти Вашингтон нисбат ба БарҶом, ин кишварро аз ин тавофуқи байналмилалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард.