Май 13, 2019 17:20 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Ҳинд ба ташкили вилояти ДИИШ дар Кашмир

Мақомҳои ҳиндӣ бо радди иддаои ДИИШ дар заминаи шакл додани вилояти ҷадид дар Кашмир, ин масъаларо тарфанди таблиғотии ин гурӯҳи террористӣ тавсиф карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, хабаргузории “Аъмоқ” - расонаи вобаста ба террористҳои ДИИШ ҷумъашаб барои нахустин бор эълом кард, ки ДИИШ вилояти ҷадиде бо унвони “вилояти Ҳинд” дар минтақаи Кашмир шакл додааст, аммо ин иддао аз сӯйи мақомҳои амниятии маҳаллӣ такзиб шуд.

Як мақоми аршади полиси Ҳинд, ки номи худро ифшо накарда, гуфтааст, ки ин масъала иддаое беш нест ва фақат ҷанбаи таблиғотӣ дорад.

Ин мақоми амниятӣ афзуд, бахши низомии ДИИШ дар Кашмир ба таври комил аз байн рафтааст, агарчӣ тамоюли идологӣ ба он то ҳудуде вуҷуд дорад.

Рита Котс, мудири гурӯҳи байналмилалии “Сайт” низ дар ин бора ба шабакаи “Алҷазира” гуфт, эъломи ташкили вилоят дар ин минтақа, ки дар он ҳукумати воқеӣ вуҷуд надорад, музҳик аст.

Кашмир минтақае дар шимоли ғарби нимҷазираи Ҳинд аст.

Ин минтақаи мусулмоннишин муддатҳост бо бетаваҷҷуҳии давлати марказии Ҳинд рӯ ба рӯ шудааст.