Май 13, 2019 18:15 Asia/Dushanbe
  • Барпоии  Хаймаи Рамазон дар Маскав

Хаймаи байналмилалии Рамазони Маскав барои чаҳордаҳумин сол паёпай бо ҳузури шахсиятҳои мусулмони Русия ва мақомоти расмии ин кишвар оғоз ба кор кард.

Ба гузориши ИРНА, дар муддати 30 рӯзи барпоии Хаймаи Рамазон намояндагони ақвоми мусулмони сокини Маскав ва кишварҳои мухталиф, аз ҷумла тоторҳо, тоҷикҳо, озарбойҷониҳо, туркаманҳо ва кишварҳои исломие ҳамчун Эрон, Туркия ва Покистон рӯзҳои фарҳангии худро баргузор мекунанд.

Хаймаи Рамазон аз соли 2006 ҳар сол дар парки Пирӯзии Маскав ба ҳиммати идораи рӯҳониёни мусулмон ва шаҳрдории Маскав баргузор мешавад.

Барномаҳои ин хаймаро дар моҳи мубораки Рамазон ҳар шаб як кишвари исломӣ баргузор мекунад.

Рӯзона ҳудуд 700 нафар аз ин хайма дидан мекунанд ва дар ин дидор аз онҳо даъват мешавад дар ҷаласоти баҳсу баррасии динӣ ва фалсафӣ ва ҷаласоти қироати Қуръон ширкат кунанд.

Ҳамчунин ҳар рӯз дар ин хайма ба мусулмонони рӯзадор ифторӣ дода мешавад ва ғайримусулмонон низ барои ширкат дар ин маросим даъват мешаванд.

Ҳамчунин ҳар сол намояндагони расмии ҳамаи мазоҳиби Русия, намояндагони давлати Маскав, аъзои Думаи давлатӣ ва Шӯрои федератсия, донишмандон, ҳунармандон, тоҷирон ва мардум аз миллитҳо ва динҳои мутафовит аз Хаймаи Рамазон боздид мекунанд.

 

Барчасп