Афзоиши бехонумонҳо дар Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i43811-Афзоиши_бехонумонҳо_дар_Амрико
Дар пайи афзоиши нархи манзил ва дар айни ҳол коҳиши буҷа, шумори бехонумонҳо дар шаҳрҳои бузурги Амрико афзоиш ёфтааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 16, 2019 11:50 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши бехонумонҳо дар Амрико

Дар пайи афзоиши нархи манзил ва дар айни ҳол коҳиши буҷа, шумори бехонумонҳо дар шаҳрҳои бузурги Амрико афзоиш ёфтааст.

Рӯзномаи Ҳаффингтон пост дар гузорише, ба муъзали бехонумонӣ дар шаҳрҳои сарватманди Амрико пардохт ва эълом кард, бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши нархи манзил дар шаҳрҳои мутараққӣ ва сарватманди Амрико ва дар айни ҳол коҳиши буҷа, пешбинӣ мешавад, теъдоди бехонумонҳои ин кишвар афзоиш ёбад.

Бар асоси ин гузориш, Амрико бо муъзали бехонумонӣ дар шаҳрҳои сарватманд дасту панҷа нарм мекунад ба наҳве, ки беш аз ниммиллион нафар дар саросари Амрико бехонумон ҳастанд.

Билл де Блазио, шаҳрдори демократи Ню-Йорк гуфт: “Бахши бисёр зиёде аз буҳрони бехонумонӣ ба сабаби буҳрони марбут ба нотавонии молӣ дар пардохти қиммаати манзил аст ба наҳве, ки дар соли 2018 беш аз 130 ҳазор шаҳрванди Ню-Йорк дастикам якшабро дар сарпаноҳ сипарӣ карданд”.

Гэвин Новосам, фармондори демократи иёлати Калифорния низ дар бораи муъзали бехонумонӣ дар ин иёлат гуфт: “Токунун миллионҳо доллар сарфи ироаи хадамот ба афроди бехонумон шудааст, аммо ин шаҳр аз ӯҳдаи таъмини манзил барои ҳамаи 55 ҳазор бехонумони худ барнамеояд”.