Май 18, 2019 09:42 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон 80 зиндонии афғониро ба кишварашон таҳвил медиҳад

Вазорати умури хориҷаи Афғонистон эълом кард; Тоҷикистон бо таҳвили 80 зиндонии афғонӣ ба кишварашон мувофиқат кардааст.

Ба  нақл аз Сомонаи Вазорати умури хориҷаи Афғонистон, Салоҳиддин Рабонӣ вазири умури хориҷаи ин кишвар эълом кард,дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе мувофиқати вай барои интиқоли зиндониёни афғонӣ ба Кобул ба даст омадааст.

 Дар баёнияи Вазорати умури хориҷаи Афғонистон таъкид шудааст,ки дар дидори Салоҳиддин Рабонӣ бо Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши ҳамкории байналмиллалӣ ва минтақаии мубориза бо гуруҳҳои террористӣ, манобеъи молии ин Созмонҳо, қочоқи маводи мухадир ва ҷиноятҳои созмонёта  дар шаҳри Душанбе,тарафи Афғонистонӣ дархости интиқоли ин 80 зиндонӣ ба Кобулро матраҳ карда,ки бо мувофиқати раиси ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ ба рӯ шудааст.

Гуфта мешавад аксари ин афрод ба иттиҳоми қочоқи маводи мухадир ва убури ғайри қонунии марзи Тоҷикистон боздошт ва ба зиндон маҳкум шудаанд.

Тоҷикистон ва Афғонистон дорои 1 ҳазору 380 километр марзи муштарак ҳастанд,ки гуруҳҳои қочоқчиёни маводи мухадир аз ин масир барои интиқоли маводи мухадир ба дохили кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия истифода мекунанд.