Май 18, 2019 14:48 Asia/Dushanbe
  • Ақибнишинии Амрико аз таҳдиди ҳамлаи низомӣ ба Эрон

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико чи дар давраи муборизоти интихоботӣ ва чи пас аз вуруд ба Кохи Сафед дар январи 2017, руйкарди тазъиф ва барандозии низоми Эронро дар пеш гирифтаас. Вашингтон дар ростои сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ, ҷанги иқтисодӣ алайҳи Эрон ба роҳ андохта ва дар айни ҳол дар чанд ҳафтаи ахир ба таҳдиди низомии Эрон пардохтааст.

Бо ин ҳол, вокуниши қотеъи Эрон мабнӣ бар омодагӣ барои дафъи ҳаргуна таҷовуз ва мухолифатҳои густарда бо сиёсати Трамп дар баробари Эрон дар дохил ва хориҷ аз Амрико ва ҳатто аз сӯи муттаҳидони аврупоии Вашингтон, боиси ақибнишинии давлати Трамп аз иддаоҳои қаблии худ шудааст.

Дар ин росто, маҷалаи амрикоии Time  бо баёни инки Вашингтон ҳеҷ тарҳе барои ҳамла ба Эрон надорад, ба бовари мақомоти низомии Пентагон чунин ҳамлае аз моҳҳои қабл ниёзманди барномарезӣ аст.

Time бомдоди шанбе 18 май гузориш дод, аз назари Пентагон замоне метавон аз вуҷуди барномаи низомии воқеъӣ сухан гуфт, ки тарҳе барои ҳамла ва ҷанг ба раиси ҷумҳурӣ таслим шавад ва пеш аз он ҳамаи гуфтаҳо дар ҳадди гумоназанӣ аст.

Ба навиштаи Time се мақоми низомии фаол дар барномарезӣ ва назорат бар неруҳои амрикоӣ дар минтақа гуфтаанд ҳеҷ тарҳи воқиъӣ ва қобили иҷро ё чизе шабеҳ ба он барои эъзоми густардаи неру ба минтақаи Халиҷи Форс вуҷуд надорад.

Дар ду ҳафтаи ахир мақомоти ҷангталаби давлати Трамп яъне Ҷон Болтон мушовири амнияти миллӣ ва Майк Пампео вазири умури хориҷа дар изҳороте муддаӣ шуданд, ки Эрон ва авомили ниёбатии он қасди ҳамла ба неруҳои амрикоӣ ва манофеъи шарикони онро дар минтақа доранд, ки ин масъала бо вокуниши низомии Вашингтон ру ба ру хоҳад шуд.

Болтон муддаӣ шуд, ки Амрико дар паи ҷанг бо Эрон нест, аммо ба таври комил омодаи вокуниш нишондодан ба ҳаргуна ҳамлае аз сӯи неруҳои Эрон аст.

Пампео низ дар баёнияе дар 10 май Эронро ба маҷмуъае аз иқдомот ва изҳороти таҳдидомез дар ҳафтаҳои гузашта муттаҳам кард. Болтон ва Пампео бар ин тасаввуранд, ки бо таҳдиди низомӣ алайҳи Эрон, Теҳронро дар мавзеъи инфиолӣ қарор хоҳад дод ва монеъ аз таҳарукоти он дар чорчуби ҳифзи манофеъи миллӣ ва амнияти миллии Эрон хоҳад шуд.

Бо ин ҳол ҷумҳурии исломӣ борҳо таъкид кардааст, ки ба ҳаргуна таҳдиди низомӣ ва таҷовузи эҳтимолӣ аз ҷониби Амрико бо шарикони минтақаии он вокуниши қотеъонае нишон хоҳад дод.

Акнун хабарҳо ва гузоришҳо дар маҷмуъ ҳокӣ аз ақибнишинии Трамп аз таҳдиди низомии Эрон аст.

Рӯзномаи New York Times гузориш дод Трамп ба Патрик Шанаҳан сарпарасти Вазорати дифои Амрико гуфта хоҳони ҷанг бо Эрон нест.

Ин рӯзнома меафзояд Трамп дар нишасти чаҳоршанбе 15 май дар бораи Эрон бар руи ин мавзӯъ, ки хоҳони даргирии низомӣ бо Эрон нест пофишорӣ кардааст.

New York Times ба нақл аз 3 манбаъи амрикоӣ меафзояд Трамп аз ин ки тасаввур шавад Ҷон Болтон мушовири амнияти имллии Кохи Сафед тарроҳи сиёсатҳои Вашингтон дар бораи ғарби Осиё аст, хурсанд нест. Ин мавзӯъ ва набуди ризояти Болтон аз сиёсатҳои Трамп дар бораи ин минтақа ҳатто боиси ба вуҷуд омадани тардидҳое дар хусуси ояндаи Болтон дар давлати Трамп шудааст. New York Times дар гузориши дигаре низ муддаӣ шуда, ки Трамп дар ҳоли ақибнишинӣ аз роҳбурди фишори ҳаддиаксарӣ бар Эрон буда ва тасмим гирифтааст, то масири кампайни фишор бар Эронро ба сӯи роҳҳои депломатик бо ҳадафи аз байн бурдани таниш миёни ду кишвар савқ диҳад.

Ба назар мерасад мақомоти баландпояи Амрико акнун  беш аз ҳар замони дигаре ба мухобироти азим ношӣ аз ҳар гуна даргирии низомӣ бо Эрон воқиф гашта ва лизо талош мекунанд, то ба наҳве таҳдидоти қаблии ҷангталабони давлати Трампро тавҷиҳ ва таъдил кунанд.

Дар айни ҳол мавзеъи Эрон ҳамвора омодагӣ барои муқобила бо ҳаргуна таҷовузи низомӣ аст.

Ҳамиди Баъидинажод сафири Эрон дар Британия таъкид кард, агар Амрико ба дунболи иқдомоти ғайризарурӣ ва таҳрикомези бештаре аст мо мусаммам ҳастем, то бо ин кишвар ру ба ру шавем. Мо ба дунболи шуруъи даргирӣ нестем, аммо ҳамаи миллат омода ҳастанд, то дар муқобили Амрико истодагӣ кунанд ва ҳазинаи муқовиматро бипардозанд.

Барчасп