Иддаои музҳики Арабистон дар бораи ҳимояти Эрон аз терроризм
(last modified 2019-05-20T06:19:34+00:00 )
Май 20, 2019 11:19 Asia/Dushanbe
  • Иддаои музҳики Арабистон дар бораи ҳимояти Эрон аз терроризм

Одил Алҷубайр вазири мушовири давлати Арабистони саудӣ дар умури хориҷӣ бомдоди якшанбе бо ҳузур дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Риёз бори дигар Эронро ба ҳимоят аз терроризм ва эҷоди бесуботӣ дар минтақа муттаҳам кард.

Ӯ дар ин нишасти хабарӣ, бо такрори иттиҳомоти ҳамешагии Арабистони саудӣ алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҷумла ҳимоят аз терроризм ва дахолат дар умури кишварҳои арабӣ, муддаӣ шуд, ки Риёз ба дунболи ҷанг дар минтақа нест. Алҷубайр бо баёни ин иддао, ки Арабистони саудӣ ҳамвора ба дунболи сулҳ аст дар изҳороте фиребкорона афзуд, Арабистони саудӣ раванди таҳавулоти минтақаӣ ва байналмиллалиро, ки ба воситаи иқдомоти низоми Эрон ва авомили таҳоҷумии он дар минтақа танишбор шуд, бо нигаронии амиқ дунбол мекунад... низоми Эрон ба дунболи амният ва субот дар минтақа нест.

Дар ҳамнавоӣ бо ин фазосозӣ, Вазорати умури хориҷаи Аморот ҳам иддао кард чаҳор нафткаши аморотӣ, саудӣ ва норвегияӣ дар наздикии бандари Фуҷайраи ин кишвар ҳадафи амалиёти харобкорона қарор гирифтаанд.

Расонаҳои саудӣ ва ғарбӣ талош карданд бо истинод ба ин ҳодиса ва ҳамчунин амалиёти паҳподии талофиҷӯёнаи артиши мардумии Яман дар умқи хоки Арабистони саудӣ фазое зиддиэронӣ тарсим кунанд.

Бино бар эъломи Аморот, ин кишвар ба ҳамроҳи Арабистони саудӣ ва Норвегия номаеро дар хусуси ҳодисаи Фуҷайра ба Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид ирсол кардаанд. Ин изҳорот ва ҳошиясозиҳо пайромуни он нишондиҳандаи талоши мусаллами Амрико, Исроил ва Арабистон барои тарроҳии сенарияи тозае алайҳи Эрон аст.

Дар ин сенария зоҳиран ду ҳадаф мадди назари тарроҳони он қарор дорад, ҳадафи нахуст заминасозӣ барои иқдомоти таҳрикомез алайҳи Эрон албатта бо восита қарор додани Шурои амният аст. Ин сенария пештар ҳам бо иддаои ирсоли мушакҳои эронӣ ба Яман ва бо роҳ андохтани намоиши таблиғотии намояндаи Амрико дар ҷаласаи Шурои амният иҷро шуд, аммо ба натиҷа нарасид, чаро ки иддаои Арабистон аз асос дуруғ буд. Чунон ки акнун ҳам иддаоҳои Арабистон фоқиди ҳаргуна арзиш ва санаду мадрак аст. Аммо ҳадафи дуввум дар ин сенария сарпуш гузоштан бар ҳимоятҳои ошкор ва ниҳони Арабистон дар ҳимоят аз гуруҳҳои террористӣ ва таҳту шуъоъ қарор додани ҷиноятҳои Риёз дар ҳамлаҳои ҳавоӣ ба занон ва кудакони бегуноҳ дар Яман ва фирор аз посугӯӣ дар ин замина аст.

Патрик Какберн хабарнигори баландпоя ва коршиноси масоили минтақаи ғарби Осиё дар интиқод аз мавзеъҳои давлати Доналд Трамп ва Арабистон алайҳи Эрон мегуяд, ин чизи наве нест, ки ҳокимони Риёз дар вокуниши равонпарешон ҳамачизро ба Эрон нисбат медиҳанд.

Ин рӯзноманигори бособиқаи англисӣ афзуд, чунин мавзӯе шояд касеро дар яке аз ин кишварҳои муштоқ ба даргирии мусаллаҳонаи Иёлоти Муттаҳида ва Эронро ба саҳнасозӣ барои як иқдоми таҳрикомез ба манзури муқассир хондани Эрон савқ диҳад. Дар инҷо Арабистони саудӣ, Аморот ва Исроил ба зеҳни ман хутур мекунад.

Шоҳиди ин сухан, таҳаррукоти Вазорати умури хориҷаи Арабистон аст, ки бомдоди якшанбе эълом кард подшоҳи ин кишвар аз сарони давлатҳои арабӣ ва кишварҳои Шурои ҳамкории Халиҷи Форс хостааст, то рӯзи 30 май бо ҳадафи баррасии масъалаи амалиёт алайҳи таъсисоти нафтии ин кишвр ва ҳодисаи бандари Фуҷайра-и Амороти Муттаҳидаи араб дар шаҳри Маккаи мукаррама гирди ҳам оянд.

Пеш аз ин Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон гуфта буд, ки  Муҳаммад бин Салмон валиъаҳди Арабистони саудӣ бо ҳамроҳии Муҳаммад бин Зоид валиъаҳди Абузабӣ, Бенямин Натанияҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ ва Ҷон Болтон мушовири амнияти миллии Кохи Сафед ба дунболи он ҳастанд, ки Амрикоро ба даргирии низомӣ бо Эрон бикашанд. Иддаои ҳимояти Эрон аз терроризм дар ҳоле мудом такрор мешавад, ки вазири умури хориҷаи  Арабистон ҳеҷгоҳ ишорае ба ин мавзӯъ накарда, ки 19 террористе, ки дар ҳодисаи террористии 11 сентябри 2001 алайҳи Амрико даст доштаанд 15 нафар саудӣ буданд, аммо дар миёни онҳо ҳеҷ эроние ҳузур надошт.