Май 20, 2019 12:55 Asia/Dushanbe
  • Дидгоҳи фаъоли динии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар бораи баргузории рӯзи Қудс

Раҳбари Ҷамъияти диннии Ҷумъаи Ҷумҳурии Озарбойҷон таъкид кард; ширкати мусалмонон дар маросими рӯзи ҷаҳонии Қудси имсол ба хотири сиёсатҳои зӯргӯёнаи Амрико аз аҳамияти фавқулодае бархурдор аст.

Ба гузориши идораи Кули Осиёи Марказӣ ва Қафқози муъовинати бурунмарзӣ,Ҳоҷи Ийлқор Иброҳимуғлу бо ишора ба наздик шудани охирин ҷумъаи моҳи мубораки рамазон ба унвони рӯзи Қудс гуфт ;  рӯзи Қудс, рӯзи ислом аст ва барои мусалмонон бисёр аҳамият дорад.

Вай афзуд; Қудс барои уммати ислом яке аз маконҳои бисёр муҳим ва муқаддас аст зеро, Қудс нахустин қиблаи мусалмонон будааст.

Ҳоҷи Ийлқор Иброҳимуғлу тасриҳ кард руӯзи Қудс, рӯзи Қарабоғ ва рӯзи Шушо низ аст, яъне мусалмонони Ҷумҳурии Озарбойҷон масалаи Қарабоғро аз масоили муҳими ҷаҳони ислом медонанд ва муътақиданд ончи,ки дар Қарабоғ рӯй медиҳад,даҳҳо сол пеш дар Қудс рӯй додааст ва идомаи ҳамон ҷиноятҳо ва ҳаққкушиҳоаст.