ГУГЛ бархе фаъолиятҳои Ҳуавей HUAWEI ро маҳдуд кард
Ширкати ГУГЛ пас аз иқдоми давлати Амрико алайҳи ширкати фановарии Ҳуавей и Чин, бархе ҳамкориҳои худ бо ин ширкатро мутавақиф кард.
Ба гузориши Рейтерз, ширкати ГУГЛ он даста аз ҳамкориҳо бо ширкати фановарии Ҳуавей (HUAWEI) Чин ро,ки лозимаи интиқоли сахтафзор, нармафзор ё сервисҳои фаннӣ бошад, мутавақиф кардааст.
Ин иқдоми ширкати ГУГЛ сабаб шудааст нусхаҳои нави телефонҳои ҳушманди Ҳуавейи Чин ро,ки бар рӯйи системаи омили Андроид иҷро мешаванд, дастрасӣ ба сервисҳои ГУГЛ ҳамчун ГУГЛ ПЛЕЙ СТАР,ҶИМАЙЛ ва ЮУТУБ ро аз даст бидиҳанд.
Давлати Доналд Трамп ахиран Ҳуавей ро ба феҳристи сиёҳи худ афзуд ва пас аз он маҳдудиятҳое ро алайҳи ин ширкат эъмол кард,ки ҳамкори бо ширкатҳои Амрикоиро барои он бисёр душвор мекунад.
Чин ва Амрико, даргири ҷанги таърифаӣ ва иқтисодӣ алайҳи якдигар шудаанд,ки ба гуфтаи коршиносон бозорҳои ҷаҳониро мутаасир кардааст.