Май 22, 2019 10:36 Asia/Dushanbe
  • Номаи Эрон ба Гутерреc, таъкид ба гуфтугӯ байни кишварҳои минтақа

Маҷиди Тахт Равончӣ сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Миллал рӯзи сешанбе дар номае ба Дабири кулли Созмони Миллал ва раиси Шурои амният дар хусуси талошҳои тафрақаафканона ва фитнаҷӯёнаи хориҷ аз минтақа ҳушдор дод.

Тахт Равончӣ дар ин нома таъкид кардааст, дар ҳоли ҳозир алоиме вуҷуд дорад, ки маҳофили хоссе хориҷ аз ин минтақа аз тариқи дуруғпароканӣ ироаи иттилооти ҷаълӣ ва ахбори гумроҳкунанда ва бо иттако ба ҳимояти муттаҳидони худ дар Ховари Миёна ва ҳамчунин эъзоми неруи баҳрӣ ба минтақа дар садади таъқиби манофеъи ғайримашруъи худ ҳастанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муъаззами инқилоб чанде пеш дар баёноте дар дидори аъзои маҷмаъи ҷаҳонии аҳлибайт алайҳисалом ва Иттиҳодияҳои радио ва телевизионҳои исломӣ нақшаи амрикоиҳо дар минтақаро дар се ҷараёни аслӣ табйин карданд.Ишон ин се ҷараёнро шомили сиёсати эҷоди ихтилоф байни кишварҳои минтақа, нуфузи сиёсӣ ва иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар кишварҳои исломӣ, ва сиёсати ихтилофафканӣ миёни мусалмонон баршуморданд.

Масоили кунунӣ дар минтақаи Халиҷи Форсро мебоист дар ҳамин росто арзёбӣ кард. Бо таваҷҷуҳ ба ҳассосияти минтақа, намояндаи Эрон дар Созмони Миллал дар номаи худ ба Дабири кулли ин созмон зарурати гуфтугӯ байни кишварҳои минтақаро ба унвони танҳо роҳи ҳалли масоили минтақаи Халиҷи Форс мавриди таъкид карор дода ва хостори иқдоми дабири кул дар ин замина шудааст.

Эрон бар асоси эҳтиром ба усули ҳоким ба равобити байналмиллал ва аҳамияти ҳифзи субот ва амнияти минтақа, даргирӣ ва ҷангро ҳамвора рад кардааст ва ҳаргиз ҷангро ба унвони як гузина ё роҳбурди ҷаҳати таъқиби сиёсати хориҷии худ интихоб нахоҳад кард.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ ахиран дар баёноте бо ишора ба ҳарфҳои беадабонаи мақомоти режими Амрико дар бораи таҳрим, ҷанг ва музокира гуфтанд таъкид мекунем ҷанг нахоҳад шуд ва музокира нахоҳем кард.

Ишон афзуданд, ҷанге рух нахоҳад дод чаро, ки мо мисли гузашта ҳеҷ вақт шуруъкунандаи ҷанг нахоҳем буд ва амрикоиҳо ҳам ҳамларо оғоз намекунанд чун медонанд, ки сад дар сад ба зарарашон тамом хоҳад шуд, зеро ҷумҳурии исломӣ ва миллати Эрон собит кардаанд ба ҳар таҷовузгаре зарбаи бузургтаре ворид хоҳад кард.

Аз назари Эрон масоили феълии минтақа мунҳасиран аз тариқи таомули созанда ва гуфтугӯ миёни кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс қобили маҳор шудан ва ҳаллу фасл аст.

Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон дар ҳамин росто пештар пешниҳоди эҷоди як маҷмаъи гуфтугӯи ҷамъӣ дар минтақаи Халиҷи Форс барои тасҳили таомулотро ироа кардааст.

Акнун низ намояндаи Эрон дар Созмони Миллал дар ҳамин росто ва бо таваҷҷуҳ ба ин ки банди 8 қатъномаи 598 (1987) Шурои амният, ки дар хусуси поёни ҷанги таҳмилии Ироқ алайҳи Эрон содир шуд, дабири куллро ба баррасии иқдомоти лозим ҷиҳати тақвияти амният ва субот дар минтақа фарохондааст.

Ин банд аз қатъномаи мазкур марбут ба ҳамкории 8 кишвари ҳавзаи Халиҷи Форс шомили 6 кишвари арабии узви Шурои ҳамкории Халиҷи Форс ва Эрон ва Ироқ мешавад, ки барои пешгирӣ аз эҷоди таниш ва пешгирӣ аз вуқуъи ҷанг аст. Тахт Равончӣ аз Дабири кулли Созмони Миллал хостааст, ки бо иҷроӣ кардани ин банд чатри байналмиллалии лозим барои роҳандозии чунин гуфтугӯи минтақаеро фароҳам созад.

Аз дидгоҳи Эрон гуфтугӯҳои минтақаӣ ба тақвияти тафоҳум ва тавофуқ дар маврди тайфи васиъе аз масоил мунҷар хоҳад шуд. Ин гуфтугӯҳо метавонад шомили иқдомоте ҷиҳати тақвияти эътимод ва амният, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ва тазмини озодии дарёнавардӣ ва ҷараёни озоди энержӣ шавад. ин фароянд дар ниҳоят ҳатто метавонад шомили эҷоди тартиботи расмӣ дар заминаи адами таҷовуз ва ҳамчунин ҳамкориҳои амниятӣ низ бошад.