Май 22, 2019 12:08 Asia/Dushanbe

Маркази исломии ҳазрати Маҳдӣ (а) дар шаҳри Рим бо барномаҳои мутанаввеи фарҳангӣ ва динӣ аз рӯзадорон пазироӣ мекунад.

Ҳамзамон бо шабҳои моҳи мубораки Рамазон, Маркази исломии ҳазрати Маҳдӣ (а) дар шаҳри Рим бо барномаҳои мутанаввеи фарҳангӣ ва динӣ аз рӯзадорон пазироӣ мекунад.

Дар Маркази шиаёни Италия ҳар шаб пас аз иқомаи намози ҷамоат ва дуои ифтитоҳ, бо барпоии суфраи ифтор аз рӯзадорон пазироӣ мешавад.

Мусулмонони италиявӣ ва дигар кишварҳои мухталиф, аз ширкаткунандагон дар ин маркази исломӣ ҳастанд.