Май 22, 2019 20:00 Asia/Dushanbe
  • “Нешнл интерест”: Қарзи Амрико бояд ҳар амрикоиро ба ваҳшат биандозад

Пойгоҳи хабарии амрикоӣ дар гузорише бо ишора ба қарзи 22 триллиондолларии дар ҳоли афзоиши Амрико навишт, намудори бидеҳиҳои ин кишвар бояд ҳар амрикоиро ба ваҳшат биандозад.

Пойгоҳи интернетии “Нешнл интерест” навишт, ба сабаби ин гузориш ду масъалаи умдае, ки Конгресси Амрико бояд тайи ҳафтаҳо ва моҳҳои оянда бо онҳо рӯдаррӯ шавад, мавзӯи афзоиши сақфи бидеҳиҳо ва ояндаву сарнавишти қонуни контроли буҷа ва маҳдудияти ҳазинаҳо ва махориҷи давлат аст.

Ин пойгоҳи хабарӣ афзуд, гузоришҳо баёнгари он аст, ки музокирот миёни конгресс ва давлати Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бар сари тартиби тавофуқи дусолаи буҷа бо афзоиш ё таъхири маҳдудияти буҷа ҳамчунон идома дорад.

“Нешнл интерест” навишт, ҳамакнун бидеҳии миллии давлати Амрико беш аз 22 триллион доллар тахмин зада шуда ва бо эҳтисоби маболиғи пардохтнашудаи тавофуқи буҷа, мумкин аст дастикам ду триллион доллари дигар ба ин маблағ изофа шавад.

Ба навиштаи ин пойгоҳи хабарии амрикоӣ, маҷмӯи баровардҳои Вазорати хизонадории Амрико нишон медиҳад, мизони бидеҳиҳои миллии ин кишвар аз аввали октябр то кунун беш аз ним миллиард доллари дигар изофа шудааст.

“Нешнл интерест” изҳор дошт, сатҳи болои бидеҳии Амрико ба бахши иштиғолзоӣ ва корофаринон ва низ коркунони табақаи миёна латма задааст.