Май 23, 2019 13:09 Asia/Dushanbe
  • Артиши Венесуэла дар вазъияти омодабош қарор гирифт

Раиси ҷумҳури Венесуэла бо судури фармоне аз неруҳои артиши ин кишвар хост барои муқобила бо ҳаргуна ҳамлаи эҳтимолии Амрико дар вазъияти омодабош бошанд.

Ба гузориши шабакаи Алмаёдин, Николас Мадаро раиси ҷумҳури Венесуэла рӯзи чаҳоршанбе дар твитте эълом кард аз ҳамаи воҳидҳои низомӣ дар ин кишвар хостааст барои дифоъ аз сулҳу муқобила бо ҳар навъ тавтеаи Амрико дар вазъияти омодабош ба сар бибаранд.

Дар ҳамин ҳол Diosdado Cabello раиси маҷлиси муъассисони Венесуэла ба телевизиони давлатии VTV гуфт, масунияти чанд намояндаи мухолифи дигар бекор хоҳад шуд, то ба иллати ҳимоят аз шуриши нофарҷом алайҳи Николас Мадаро раиси ҷумҳурӣ муҳокима шаванд.

Кабелло ба ном ва теъдоди ин намояндагон ишора накард.

Дар ҳоли ҳозир  маҷлиси муассисони Венесуэла масунияти 14 намояндаро бекор карда, ки аз ҷумлаи онҳо Едгар Замбрано муовини раиси маҷмаи мунҳалшудаи миллӣ аст.

Ин ашхос ба иллати ҳимоят аз дархости 30 апрели Хуан Гуайдо саркардаи мухолифони Венесуэла барои шуриш алайҳи давлати қонунии Мадаро таҳти пайгард қарор гирифтаанд.

Гуайдо моҳи январи имсол бо ҳимояти ошкори Амрико худро раиси ҷумҳури муваққати Венесуэла хонд, ки бо мухолифати мардум ва давлати ин кишвар ва ҳамчунин бархе кишварҳои ҷаҳон ру ба ру шуд.