Май 24, 2019 20:16 Asia/Dushanbe
  • Толибон ҳузури 5 ҳазор дииширо дар шимоли Афғонистон рад кард

Сухангӯи Толибон дар вокуниш ба изҳороти раиси Хадамоти амнияти федерали Русия эълом кард, ки ҳузури панҷ ҳазор диишӣ дар шимоли Афғонистон ҳақиқат надорад. Зеро Толибон ба ин гурӯҳи фитнагар иҷозаи фаъолият дар Афғонистонро намедиҳад.

Ба гузориши “Тасним”, ахиран Александр Бортников, раиси идораи амнияти федерали Русия гуфта буд, ки беш аз 5 ҳазор ҷангҷӯи ДИИШ дар марзҳои шимоли Афғонистон ҷо гирифтаанд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар вокуниш ба ин мавзуъ иддао кард, ки ҳузури ҷангҷӯёни диишӣ дар шимоли Афғонистон ҳақиқат надорад. Зеро Толибон дар солҳои гузашта чандин амалиёти бузургро бар зидди ДИИШ дар ин манотиқ анҷом додааст.

Вай гуфт, ки бар асари амалиёти Толибон шумори бисёре аз ҷангҷӯёни диишӣ кушта ва ё асир шуданд ва танҳо 200 ҷангҷӯи диишӣ тавассути нерӯҳои амрикоӣ ва афғон наҷот дода шуданд.

Муҷоҳид ҳамчунин муддаӣ шуд, ки давлати Афғонистон шуморе аз ҷангҷӯёни дииширо дар шаҳристони Дарзоб ба унвони полиси маҳаллӣ мустақар кардааст.

Сухангӯи Толибон афзуд, Амрико ва давлати Афғонистон талош мекунанд то бо ин кор барои кишварҳои ҳамсоя ва минтақа нигарониҳоеро ба баҳонаи ДИИШ эҷод кунанд.

Ин изҳороти Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар ҳоле аст, ки соли гузашта низ бархе хабарҳо баёнгари он буд, ки бар асари амалиёти густурдаи Толибон, марокизи гурӯҳи террористии ДИИШ дар шимоли Афғонистон аз байн рафтааст ва бисёре аз ҷангҷӯёни ин гурӯҳ кушта шуда ва ё ба асорати Толибон даромадаанд.

Бархе аз коршиносон бар ин боваранд, ки Русия бо бузургнамоии ҳузури ДИИШ дар шимоли Афғонистон, талош мекунад то ин мавзӯро дастовезе барои мудохила дар Осиёи Марказӣ ва умури сулҳи Афғонистон қарор диҳад.