Суқути болгарди амрикоӣ дар Афғонистон
Май 25, 2019 13:18 Asia/Dushanbe
Як болгарди мутааллиқ ба нерӯҳои Амрико имрӯз дар вилояти Ҳилманди Афғонистон суқут кардааст.
Ба гузориши ИРНА, нерӯҳои хориҷӣ дар ҳоле аз суқути як фарванд болгарди амрикоӣ дар ҷануби Афғонистон хабар медиҳанд, ки ба гуфтаи бархе манобеи хабарӣ, ин болгард дар натиҷаи ҳамлаи Толибон суқут кардааст ва сарнишинони он низ кушта шудаанд.
Бо ин ҳол Дейвид Болтер, сухангӯи низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон таъкид кард, ки ин суқут ба далели мушкилоти фаннӣ буда ва вуқӯи ҳамла алайҳи болгард нодуруст аст.
Дар ҳамин замина НАТО ҳам эълом кард, як фарванд болгарди нерӯҳои амрикоӣ ба далели мушкилоти фаннӣ фуруди сахте дар вилояти Ҳилманд доштааст.